Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодири Помиру Олойи Ғарбӣ ва Копетдоғ аст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳи Туркистон ва Зарафшон паҳн гардидааст. Берун аз Тоҷикистон дар Ўзбекистон ва Туркманистон вомехўрад.
Муҳити рушд
Аз тухм ва бо роҳи нашвӣ (бо ёрии пиёзбехаш) меафзояд. Дар нишебиҳои гилдор ва санглох, дар минтақаҳои биёбон, нимсаванна ва ҷангалзори гармсер (дар баландии то 1800 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба T. greigii Regel (Тиёншони Ғарбӣ) ва T. mogoltavicum M.Pop.
et Vved. (шимоли Помиру Олой, Тиёншони Ғарбӣ) қаробат дорад.
Шумора
Тоқа-тоқа ва хеле кам ба назар мерасад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи пиёзакдор буда, то 40 см қад мекашад. Пиёзбехаш (қутраш то 4 см) тухмшакл, бо ҷилди ғафси хокистарранги сиёҳтоб фаро гирифта шудааст.
Баргаш (шуморааш 4-то) рахҳои
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae бунафш дорад. Моҳҳои апрел – май гул карда, май – июн мева медиҳад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Чиндани гул, чаронидани чорво.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм ва бо роҳи нашвӣ зиёд мешавад. Дар боғҳои ботаникии ш. Тошканд ва ш. Душанбе парвариш мекунанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Ғизои хуби чорвост. Гулбаргҳои рангбахши гулобӣ дорад, ки барои ранг кардани коғаз истифода бурдан мумкин аст.
Тадбирҳои ҳифз
Аз ҳолати популятсияҳо назорати қатъӣ бурдан, чиндани пиёзак, фурўши гул ва чаронидани чорворо ба танзим даровардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963; Красная книга Таджикской ССР, 1988; Тўрақулов, Ҳомидов, 2010.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ЛОЛАИ МУҒ
Tulipa mogoltavica M.Pop. et Vved.
Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди хоси Тиёншони Ғарбӣ аст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Қурама ва кўҳи Муғул паҳн гардидааст.
Берун аз ҳудуди Тоҷикистон дар Ўзбекистон (водии дарёи Оҳангарон) вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои маҳинхок ва санглохи шағалдор, дар минтақаҳои биёбонгаштаи нимса ваннаҳои пасталаф ва ҷангалзори гармсер (дар баландиҳои аз 500 то 1600 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба T. greigii Regel (дар Тиёншонӣ Ғарбӣ) қаробат дорад.
Шумора
Шуморааш маҳдуд буда, тоқатоқа ва баъзан дар шакли гурўҳҳои хурд вомехўрад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи пиёзакдор буда, то 30 см қад мекашад. Гулаш (дарозиаш то 10 см) тоқаи сурхи баланд, дар асос доғи ромбшакли сиёҳ дошта, одатан зарди ҳошиядор аст. Моҳҳои апрел-май гул карда, май-июн мева медиҳад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Аз тарафи аҳолӣ чиндани гул ва пиёзак, аз худ кардани марзҳо барои хоҷагидорӣ боиси маҳдудии рушдгоҳаш мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм ва бо роҳи нашвӣ зиёд мешавад. Дар Боғи ботаникии ш.
Хуҷанд солҳои 1987-1988 озмуда шуда буд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании ороишӣ аст. Дар корҳои навъофарӣ истифода бурдан мумкин.
Тадбирҳои ҳифз
Ҳолати рушдгоҳҳоро зери назорат қарор дода, ҷамъоварии пиёзак ва фурўши гулро манъ кардан зарур аст. Барои нигоҳдории он парваришгоҳ ташкил кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963; Красная книга Таджикской ССР, 1988; Тўрақулов, Ҳомидов, Ғаффоров, 2010.

пешина
аз 256
навбатӣ