Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

ЛОЛАИ БЕДОҒ
Tulipa praestans Hoog Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR. Хоси Помиру Олой аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир, дар рўи Замин кам вомехўрад.
Паҳншавӣ
Фақат дар ҳудуди Тоҷикистон (қаторкўҳҳои Ҳисор, Қаротеғин, Петри I, Ҳазратишоҳ, Вахш, Дарвоз, Тирай, Сарсарак, кўҳҳои Хоҷамастон, Хоҷамуъмин ва Санглох) месабзад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои хокию санглохи минтақаи ҷангалзори гармсер (пистазор, бодомзор), паҳнбарг (чормағз, чинор, фарк ва настаранзор) дар баландиҳои аз 1000 то 2500 м аз сатҳи баҳр месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба T. subpraestans Vved. (ҷануби ғарби Помиру Олой) хеле монанд аст.
Шумора
Тўп-тўп (то 30-40-бехӣ), бештар тоқа-тоқа вомехўрад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Пояаш 15-50 см қад кашида, аз 3-4 барг иборат аст. Дар як пояи он аз
1 то 3 гул вомехўрад. Фарқияташ аз дигар лолаҳо он аст, ки дохили косагулаш доғ надорад. Моҳҳои апрел-июн гул карда, май-июл самар меорад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Кофта гирифтани пиёзак, дастадаста чиндани одамон инчунин бо мақсади хоҷагӣ истифода бурдани муҳити сабзиш боиси камшуморӣ ва маҳдудии муҳити рушд мегарданд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм ва бо роҳи нашвӣ зиёд мешавад. Дар Боғҳои набототи ш. Душанбе ва Кўлоб мепарваранд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Намуди ниҳоят камёфт ва нодир.
Тадбирҳои ҳифз Манъ кардани кофтани пиёзаку фурўши гули лола. Муҳофизати муҳити рушди лолаву навъҳои асосии хушранги он хеле муҳим мебошад.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963; Рябова, 1965; Бобоев ва диг., 2010.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ЛОЛАИ ГУЛОБӢ
Tulipa rosea Vved.
Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси водии Фарғона мебошад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир.
Паҳншавӣ
Асосан дар ҳудуди Тоҷикистон (Қаратов, Саритоғ), инчунин Ўзбекистону Қирғизистон вомехўрад.
Муҳити рушд
Фақат дар ҷинсҳои рангон, баъзан дар оҳаксанги гаҷдор, гоҳо ба миқдори зиёд дар нимсаваннаи алафаш паст, қисман дар минтақаи ҷангалзори гармсер (дар баландиҳои тақрибан 600- 1200 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба T. korolkovii Regel, ки рушдгоҳи фарох дорад ва дар шимолу ғарбтари муҳити сабзиши Т. rosea воқеъ гаштааст, қаробат дорад.
Шумора
Маълум нест. Тахминан чанд ҳазор бех мавҷуд аст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола. Пиёзакаш тухмшакл, қутраш 1,5-2 см. Пояаш 7-20 см қад мекашад. Танаи он аз 3 барг иборат аст (бараш 1-1,5 см), ки аз поя дарозтар мебошанд.
Гулбаргаш (2,5-4 см) бунафш, қисми дохилаш каме доғи сиёҳ дорад. Моҳҳои апрел-июн гул карда, май-июл самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Муҳити рушди он ҳангоми кўҳкорӣ дар Қаратоғ, истифодаи як қисми талу теппаҳои рангон маҳдуд гаштааст. Вале онро дар давраи гулшукуфт бештар нобуд мекунанд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм зиёд мешавад. Дар боғҳои набототи ш. Душанбе ва ш. Тошканд парвариши онро санҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гули зебои ороишӣ мебошад. Дар корҳои навъофарӣ истифода бурдан мумкин аст.

пешина
аз 256
навбатӣ