Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Тадбирҳои ҳифз
Ба сифати парваришгоҳ ҷудо намудани як қатор қитъаҳои сабзиши лолаи гулобӣ зарур аст. Махсусан дар кўҳҳои Саритоғ, ки дар он ҷо лолаи гулобӣ бо як қатор растаниҳои нодири Фарғона (эверсмания, пашмакнахўдак) ҳамроҳ мерўяд, интихоб кардани парваришгоҳ хеле муҳим мебошад.
Сарчашмаи иттилоот:
Бочансева, 1962.
ЛОЛАИ ҶАНГАЛӢ
Tulipa subquinquefolia Vved.
Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Хоси Ҷануби Шарқии Тоҷикистон ва Афғонистони Шимолӣ аст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Ҳазратишоҳ, Тирай, Қаратови назди Панҷ ва кўҳҳои Имомаскар вомехўрад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба T. tubergeniana Th. Hoog (ҷануби Помиру Олой) қаробат доштанаш мумкин аст.
Муҳити рушд
Дар минтақаи ҷангалзори гармсер ва настаранзор, ҷинсҳои кўҳии кушоди рангон, бештар дар буттазору пистазор (дар баландиҳои 1600-2000 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Шумора
Кам аст. Гурўҳ-гурўҳ (3-5 бехӣ) мерўяд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Пояаш то 50 см қад кашида, 5-6 барг (паҳниаш 2-3,5 см) дорад.
Гулбаргаш (4-6 см) сурх, қисми дохилаш доғи сиёҳ ва зард дорад.
Моҳҳои май-июн гул карда, июниюл самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Чарондани чорво, лолачинӣ, инчунин ба киштзор табдил додани муҳити рушд боиси камшумориву маҳдудии рушдгоҳаш мегардад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм зиёд мешавад. Як бехи он то 180 дона тухм мебандад.
Яке аз зеботарин лолаҳост. Дар боғи набототи ш. Душанбе ва Кўлоб парваридаанд. Барои тайёр кардани гулдаста ва ороиши гулзор тавсия додан мумкин аст.
Тадбирҳои ҳифз
Дар табиат нумўи онро ба зери назорати ҷиддӣ гирифта, тухмашро ҷамъ овардан лозим меояд.
Дар доираи муҳити рушди он парваришгоҳ барпо кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963; Тахтаджян, 1975.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ЧАМАНЛОЛА
Tulipa subpraestans Vved.
Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Хоси Тоҷикистони Ҷанубӣ аст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳи Вахш, Сипоктоғ, Себистон, Санглох ва Сарсарак мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба T. praestans Th. Hoog, ки дар ҷануби ғарби Помиру Олой вомехўрад, қаробат дорад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглох ва гилхок, минтақаи нимсаваннаи алафаш хўшадори баланд ва ҷангалзори гармсер, бодому фаркзор ва алафзори хоклес месабзад.
Шумора
Гурўҳ-гурўҳ (2-4 бехӣ), аксар тоқа-тоқа вомехўрад. Миқдори умумиаш дар ҳудуди муҳити рушд тақрибан 3-4 ҳазор бех аст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, 15-30 см қад мекашад; 3-4 барг (бараш 2-4 см) дорад. Дар поя 1-3 гул мавҷуд аст.
Гулбаргаш сурх, бедоғ, дарозиаш 3-5 см. Моҳи апрел гул карда, моҳи май самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Ба мақсадҳои хоҷагӣ истифода бурдани муҳити нумў ва дастадаста чиндани лола боиси камии тухмбандӣ мегарданд. Дар натиҷа чаманлола камшумор ва рушдгоҳи он маҳдуд мешавад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм зиёд мешавад. Агар аз тухм рўяд, соли 4-5-ум мешукуфад.
Як бехи он то 280 дона тухм мебандад. Яке аз лолаҳои маъмулест, ки дар шароити парвариш хуб нашъунамо мекунад.

пешина
аз 256
навбатӣ