Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Дар боғҳои набототи ш. Душанбе (аз соли 1953) ва ш. Кўлоб (аз соли 2003 ин ҷониб) парвариш меёбад. Дар шароити парвариш калонҳаҷм, бисёр вақт гулаш назар ба гули чаманлолаи табиӣ 3-4 маротиба калон мешавад.
Тадбирҳои ҳифз
Дар қаторкўҳи Сарсарак барпо кардани парваришгоҳ зарур аст.
Ҷамъоварию фурўши чаманлоларо манъ кардан лозим мебошад.
Нумўи онро дар табиат ба зери назорат бояд гирифт.
Сарчашмаи иттилоот:
Бачанцева, 1962; Введенский, 1963; Рябова, 1965; Бобоев, 2010.
ЛОЛАИ САҲРО
Tulipa tubergeniana Th.Hoog Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Растании хоси ҷанубу ғарби Помиру Олой буда, дар шароити сунъӣ кам омўхта шудааст.
Паҳншавӣ
Дар чанд муҳити ноҳияҳои набототии Тоҷикистони Ҷанубӣ ва дар як муҳити ноҳияҳои набототии Ҳисору Дарвоз (атрофи деҳаи Боғ) дарёфт гардидааст.
Муҳити рушд
Муҳити рушдаш дар камари нимсаваннаи хурд ва баландалаф, дар нишебиҳои гармсери хокӣ, пистазору садбаргзорон (дар баландиҳои 400-1600 м аз сатҳи баҳр) қарор гирифтааст.
Намуди ҳамшабеҳ Намуди ҳамшабеҳ надорад.
Шумора
Миқдори он дар рушдгоҳаш омўхта нашудааст. Ҳоло хеле кам вомехўрад ва рушдгоҳаш маҳдуд шуда истодааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, пиёзакаш байзашкл, қутраш 3-5 см, ба хок то 30 см чуқур меравад. Баргаш (3-4 адад) достшакл, баъзан мўякчадор; паҳнии барги аз ҳама поёнаш 2-4 см. Баргҳои наздигулии он сурхранг мебошанд.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар натиҷаи киштзор кардани ҳудуди нумў муҳити рушди он ХАПЎШИДАТУХМҲО Angiospermae роб мегардад. Чарондани чорво, даста-даста чиндани гул ва кофтани пиёзаки он боиси кам тухм бастан ва маҳдудии рушдгоҳаш мешаванд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм зиёд мешавад. Дар Боғи набототи ш. Душанбе онро чун яке аз лолаҳои хеле зебо аз соли 1953 то 1993 парвариш мекарданд.
Дар боғи ботаникии ш.
Кўлоб то имрўз парвариш ёфта истодааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Барои ороиши гулзори манзаравӣ ва гулгаштҳои шаҳрҳо тавсия додан мумкин аст.
Тадбирҳои ҳифз
Барои ҳифзи растанӣ парваришгоҳ барпо карда, ҷамъоварӣ ва фурўши гулу пиёзакро манъ бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Бочансева, 1962, Введенский, 1963; Тахтаджян, 1975.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
СИЧБАҲОР
Eremurus aitchisonii Baker Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир, дар шароити табиӣ кам вомехўрад. Барои ошкор сохтани роҳҳои таҳаввулоти морфологии обсабсабзҳо муҳим аст.
Паҳншавӣ
Дар кўҳсори Ҳисору Дарвоз ва Тоҷикистони Ҷанубӣ вомехўрад.
Онро дар Осиёи Марказӣ аз қаторкўҳи Фарғона ва берун аз хоки он дар Афғонистон пайдо кардаанд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои хокию санглох, минтақаи ҷангалзори гармсер ва нимсаванна, бешаи паҳнбарг (дар баландиҳои 1600 – 3200 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба E.robustus Regel (Помиру Олой, Тиёншон) қаробат дорад.
Шумора
Пештар хеле фаровон буд. Ҳоло миқдоран кам шудааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола. Пояаш 70- 150 м қад мекашад. Баргаш сабзи равшан, дарози найзамонанд, бепат (дарозиаш 50-65 см, бараш 6-8 см), дар як поя 18-27 адад ҷойгир аст. Гулбаргаш (2-2,4 см) гулобӣ.

пешина
аз 256
навбатӣ