Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Моҳҳои май-июн гул карда, июниюл самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсири антропогенӣ.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм ва решапоя зиёд мешавад.
Дар шароити хуб нумў мекунад.
Дар Боғҳои набототи Душанбе ва Кўлоб мепарваранд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Намуди ниҳоят камёфт ва нодир.
Тадбирҳои ҳифз
Онро қатъӣ ҳифз бояд кард.
Парваришгоҳ барпо намудан ва чун гули хеле зебо фаровон парваридан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963; Рябова, 1965; Тахтаджян, 1975; Бобоев ва диг., 2010.
СИВЧУК
Eremurus candidus Vved.
Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷикистони Ҷанубӣ аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир.
Паҳншавӣ
Онро фақат аз қисми миёнаи ҳавзаи дарёи Вахш (атрофи деҳаи Тутқавул, сойи Ширинбулоқ) ёфтаанд.
Ин муҳити асосиест, ки сивчукро аз он ҷо чиндаанд.
Муҳити рушд
Дар минтақаи ҷангалзори гармсер ва нимсаванна, ҷинсҳои кушодаи рангон (дар баландиҳои 750-1000 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Бештар ба E. tianschanicus Pazij et Vved. (Тиёншон, шимоли шарқи Помиру Олой) қаробат дорад.
Шумора
Маълумот нест. Ҷустуҷўи солҳои охир натиҷае надодааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, решааш дукшакли ғафс (7-10 мм). Баргаш рахдори васеъ (бараш 1,8- 3 см), новашакл, кабуд. Пояаш борик, 100-150 см қад мекашад. Гулаш дар хўша зич ҷойгир буда устувонашакл мешавад (дарозиаш 30-50 см). Гулбаргаш сафед, қисми дохилааш каме зард, дарозиаш 1,2- 1,5 см. Моҳи май гул карда, июн самар меорад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш
Аз решапоя ва тухм зиёд мешавад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар муҳити рушди он обанбори Норак сохта шудааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Парвариши онро дар Боғи набототи Душанбе санҷидаанд. Дар Боғи набототи Тошканд низ мепарваранд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гули зебои ороишӣ мебошад.
Тадбирҳои ҳифз
Фавран ҳолати табии онро тадқиқ бояд кард. Дар сурати пайдо кардан, онро қатъӣ муҳофизат баяд намуд. Чун гули зебо парваридан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1946, 1963; Тахтаджян, 1975.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ХАССИЧАК
Eremurus lachnostegius Vved.
Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷи­ кистони Ҷанубӣ аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва маҳвшаванда.
Паҳншавӣ
Онро фақат аз чанд муҳити қаторкўҳи Гардани уштур ёфтаанд.
Муҳити рушд
Дар ҷойҳои рангон, пистазори сершибоғу гуногуналаф (дар баландиҳои 950-1000 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба E. zaprjagajevii B. Fedtsch.
(ғарби Помиру Олой) қаробат дорад.
Шумора
Кам аст. Одатан тўп-тўп мерўяд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, решааш лўндашакли ғафс (5-7 мм). Баргаш рахдор (дарозиаш 20-25 см, бараш 2,5-3 см), новашакл, рангаш кабуд. Пояаш 30-60 см қад мекашад. Гулаш дар хўша начандон зич буда, дарозиаш 10-20 см аст. Гулбаргаш ситорашакл, зарди беранг (дарозиаш 1,8 см, бараш 0,5 см). Моҳи март гул карда, апрел самар меорад.
Афзоиш
Аз тухм ва решапоя зиёд мешавад.
Аз тухм кам мерўяд, қисми зиёди тухми он намепазад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Эҳтимол чарондани чорво ва таъсири дигар омилҳои хоҷагидории инсон бошад.

пешина
аз 256
навбатӣ