КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гули зебои ороишӣ мебошад.
Тадбирҳои ҳифз Вазъи табиии онро ба зери назорат гирифта, тухмашро ҷамъ оварда, ҳамчун гули зебо парваридан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1954, 1963; Тахтаджян, 1975; Белоусова и др., 1978.
СИЧАК
Eremurus micranthus Vved.
Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Ҷануби Ғарбии Тоҷикистон аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди маҳвшуда.
Паҳншавӣ
Онро танҳо аз кўҳсори Челонтоғ пайдо кардаанд.
Муҳити рушд
Эҳтимол дар гачхоки рангон (дар баландии то 1500 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба E. regelii Vved. (Тиёншони Ғарбӣ, Помиру Олой, Афғонистон) ва E. hisaricus Vved. (ғарби Помиру Олой) қаробат дорад.
Шумора
Маълумот нест. Аввалин бор сичакро соли 1883 A. Регел чиндааст ва алҳол маротибаи дигар чиндани он муяссар нашудааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, решааш дукшакл (5-6 мм). Баргаш рахдори васеъ, найчашакл. Пояаш борик, то 90 см қад мекашад. Хўшааш зич, сергул, тақрибан 40 см дароз мешавад. Гулбаргаш то 1 см дароз буда, аз се раг иборат аст.
Эҳтимол моҳи июл гул карда самар орад.
Афзоиш
Аз тухм ва решапоя зиёд мешавад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Эҳтимол аз худ шудани муҳити сабзиш боиси нест гаштани он шуда бошад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гули зебои ороишӣ мебошад.
Тадбирҳои ҳифз Онро дар кўҳҳои Челонтоғ ва мавзеъҳои ҳамшафат ҷустан ва дар сурати дарёфтан, парваришгоҳ таъсис кардан лозим аст. Тухмашро ҷамъ оварда парваридан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1946, 1963.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ГУЛСИЧ
Eremurus tadshikorum Vved.
Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷи кистони Марказӣ мебошад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир.
Паҳншавӣ
Аз чанд муҳити нишебиҳои ҷануби қаторкўҳи Ҳисор (дарёи Харангон, дарёи Девдара ва деҳаҳои Дарвоза, Поён, Ромит, Вистон) пайдо кардаанд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглох, минтақаи ҷангалзори гармсер ва паҳнбарг (дар баландиҳои 1400- 2000 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Бештар ба E. korshinskyi O. Fedtsch.
(Помиру Олой, Афғонистони Шимолӣ) қаробат дорад.
Шумора
Кам аст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, решааш каме ғафс (3-4 мм). Баргаш рахдори васеъ (бараш 1-3 см), новашакл ва кабудранг. Пояаш борик, 60-100 см қад мекашад. Гулаш дар хўшаи ковок ҷойгир аст (дарозиаш 20-25 см). Гулбаргаш (дарозиаш 1,2-1,4 см) нештаршакл, сафед, аз се раг иборат аст. Моҳҳои июн-июл гул карда, июн-июл самар меорад.
Афзоиш
Аз тухм ва решапоя зиёд мешавад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар натиҷаи гулашро чинда гулдаста кардан ва ба мақсади хоҷагӣ истифода бурдани муҳити рушд зарар мебинад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар Боғи набототи Душанбе мепарваранд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гули зебои ороишӣ мебошад.
Тадбирҳои ҳифз Вазъи табиии онро омўхта, қатъӣ муҳофизат намудан ва ҳамчун гули зебо бештар парваридан лозим аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё