КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1946, 1963.
СИЧРАНГОН
Eremurus hilariae M. Pop. et. Vved.
Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодиртарини кам тадқиқшуда.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳи Қурама паҳн гардидааст. Берун аз ҳудуди Тоҷикистон дар Қазоқистон вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар падидаҳои ҷинсҳои рангоранг ва нишебиҳои санглохӣ (дар баландиҳои 700-1200 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба E. lactiflorus O. Fedtsch. (Тиёншони Ғарбӣ) қаробат дорад.
Шумора
Кам аст. Шумораи аниқ маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи кундарешадор.
Гулпояи рости дароз (то
90 см) ва баргҳои кабуди устувонашакл дорад. Баргчаҳои наздигулиаш (дарозиаш то 1,7 см) сафед.
Ғўзааш селонаи барҷаста ва суфта. Моҳи апрел гул карда, май мева медиҳад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсири омили антропогенӣ:
ҷамъоварии гул барои гулдаста,
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae аз худ кардани замин, коркарди маъданҳои кўҳӣ ва чаронидани чорво онро қариб ба ҳаддӣ нестӣ оварда расонидааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм ва бо ёрии кундареша меафзояд.
Дар боғҳои набототи Душанбе ва Хуҷанд ҷиҳати парвариш аз озмоиш гузаштааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании ороишӣ аст.
Тадбирҳои ҳифз
Мавзеъҳои рушди намудро ҳифз намуда, озмоишро дар Боғи ботаники ш. Хуҷанд идома додан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963; Красная книга Таджикской ССР (1988); Тўрақулов, Ҳомидов, Ғаффоров, 2010.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
СИЧКАҲАК
Eremurus korovinii B. Fedtsch.
Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар табиат маҳв гардидааст.
EW.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодиртарин, хоси қаторкўҳи Қурама аст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳи Қурама (ағбаи Кендирдавон) паҳн гардидааст.
Берун аз ҳудуди Тоҷикистон дар Ўзбекистон (водии дарёи Оҳангарон) вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглохи мавзеъҳои арчазори тунук (дар баландиҳои 1800-2200 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба E. roseolus Vved. (Помиру Олойи ҷанубӣ) қаробат дорад.
Шумора
Муайян карда нашудааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи панҷабех, то 80 см қад мекашад. Хўшааш сергул, устувонашакл. Ғўзааш курашакли суфта. Моҳи июл гул карда самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Муайян карда нашудааст. Дар натиҷаи паймол кардан мумкин аз байн рафта бошад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Оид ба афзоиши он маълумот вуҷуд надорад. Эҳтимол, ба монанди дигар намудҳои сич қобилияти аз тухм ва ба ёрии кундареша афзудан дошта бошад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании ороишӣ аст.
Тадбирҳои ҳифз
Ҷустуҷўи намудро дар қаторкўҳи Қурама бояд идома дода, дар ҳолати дарёфт барои нигоҳ доштани он парваришгоҳ бунёд кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963; Красная книга Таджикской ССР (1988); Тўрақулов, Ҳомидов, Ғаффоров, 2010.
ШИРЕШКАҲАК
Eremurus pubescens Vved.
Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар табиат маҳв гардидааст.
EW.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодиртарин, хоси ғарби Помиру Олой аст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳи Зарафшон (атрофи деҳаҳои Моғиён, Ҳоҷӣ Муҳаммад, Мазори Муҳаммади Башоро) паҳн гардидааст. Берун аз ҳудуди Тоҷикистон дар Ўзбекистон (ҳавзаи дарёи Тўпаланг, кўҳҳои Хўлбоир, Бойсунтоғ) вомехўрад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё