Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Муҳити рушд
Дар нишебиҳои шағалдори кўҳ (дар баландиҳои 1800-2200 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба E. kaufmannii Regel (Помиру Олой) қаробат дорад.
Шумора
Муайян карда нашудааст. Дар тўли 50 соли охир аз тарафи ҳеҷ кас такроран чинда нашудааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи кундареша.
Пояи рости пашмак (то 1 м қад мекашад), барги (бараш то 2 см) қаламии маҳинмўй дорад.
Хўшааш сираки сергул, баргчаҳои наздигулиаш (дарозиаш то 1,4 см) сафед, ғўзааш КУПЎШИДАТУХМҲО Angiospermae рашакл мебошад. Моҳи май гул карда, май-июн мева медиҳад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Ҷамъоварии аҳолӣ барои гулдаста, чаронидани чорво.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар Боғи ботаники Душанбе ҷиҳати парвариши он аз озмоиш гузаштааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании ороишӣ аст.
Тадбирҳои ҳифз
Ҷустуҷўи намудро давом дода, ҳолати рушдгоҳро муайян намудан ва дар атрофи деҳаи Моғиён парваришгоҳ ташкил кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963; 1963; Красная книга Таджикской ССР (1988); Тўрақулов, Ҳомидов, Ғаффоров, 2010.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
СИЧИ ГУЛГУН
Eremurus roseolus Vved.
Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир, хоси Тоҷикистони Ҷанубӣ аст.
Паҳншавӣ
Дар ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистони Ҷанубӣ (қаторкўҳҳои Гардани уштур, Ғозималик, Ариқтов, Оқтов, Қаратови Назди Панҷӣ ва Ваҳмикўҳи Наздидарвозии Ҷанубӣ) паҳн гардидааст.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглоху шағалдори минтақаҳои нимсаванна, ҷангалзори гармсер ва арчазорҳо (дар баландиҳои 900-2000 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба E. bucharicus Regel (Помиру Олойи Ҷанубӣ) қаробат дорад.
Шумора
Камшумор аст. Тоқа-тоқа ё чун гурўҳҳои хурд (5-7 бехӣ) вомехўрад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи кундареша.
Пояаш рости мўякдор буда, то 70- 100 см қад мекашад. Баргаш (бараш 0,8-1,5 см) қаламӣ, новамонанди қиррадор, бо мўякчаҳо зич пўшида шудааст. Хўшааш (дарозиаш 25-50 см) сираки устувонашакл.
Наздигулиаш (дарозиаш 18-20 мм) гулобӣ. Моҳҳои майиюн гул мекунад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Фаъолияти хоҷагидории инсон, чаронидани чорво дар маҳалҳои рушди намуд ва ғ.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм ва бо роҳи нашвӣ (ба воситаи кундареша) меафзояд. Дар Боғи ботаникии ш. Душанбе парвариш карда шудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании ороишӣ аст.
Тадбирҳои ҳифз
Аз ҳолати муҳити рушди он назорати қатъӣ бурда, чаронидани чорворо ба танзим даровардан ва ҳамчун растании ороишӣ парваришашро ба роҳ мондан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963; Красная книга Таджикской ССР, 1988.
ҒУЛҚ
Acantholimon komarovii Czerniak. ex Lincz.
Оилаи Limoniaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Хоси ғарби Помиру Олой аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт, мақоми илмиаш омўхта нашудааст.
Паҳншавӣ
Фақат дар ду муҳити қаторкўҳҳои Зарафшон (дараи дарёи Равот ва води Яғноб) пайдо кардаанд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба A. parviflorum Regel, ки дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ва Помири Ғарбӣ вомехўрад, монандӣ дорад.

пешина
аз 256
навбатӣ