КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглоху хокии минтақаи даштҳои баландкўҳ (дар баландиҳои 2500-3000 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Шумора
Маълум нест. Онро охирҳои асри ХІХ В.Л. Комаров чиндааст.
Солҳои охир онро начиндаанд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи болиштшакл буда, 25-45 (90) см ҷой мегирад.
Гоҳо шакли нимкураро дорад.
Баргаш нўгтез, то 0,8-1,6 см дароз мешавад. Пояаш гулдор, дарозиаш 1,8-3 см. Гулбаргҳои он ранги сафед ва дар интиҳояшон доғҳои кабудчатоб доранд.
Моҳҳои июл – август гул карда, сентябр самар меорад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Вазъи табиӣ, биология ва шумораи он маълум нест.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ санҷида нашудааст.
Дар шароити табиӣ аз тухм зиёд мешавад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Барои ҳезум истифода бурда мешавад.
Аҳамияти тиҷоратиаш маълум нест.
Тадбирҳои ҳифз
Дар табиат фавран ҷустуҷўй кардан лозим аст. Дар сурати пайдо намудани муҳити нави рушд қатъӣ ҳифз карда, парвариши онро санҷидан лозим.
Сарчашмаи иттилоот:
Линчевский, 1952.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ПАПЖАЖ
Acantholimon varivtzevae Czerniak. ex Lincz.
Оилаи Limoniaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Помир аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт, аз ҷиҳати илмӣ кам таҳқиқ шудааст.
Паҳншавӣ
Дар баландкўҳи Помири Ғарбӣ ва қаторкўҳи Аличури Ҷануби (Зоркўл)-и Помири Шарқӣ вомехўрад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба A. langaricum O. et B. Fedtsch., ки дар қаторкўҳи Олой мерўяд, монандӣ дорад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглоху шағал, шибоғу терескензор (дар баландиҳои 3000-4000 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Шумора
Кам аст. Миқдори умумиаш маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании болиштакшакли хордор, қутраш 10-80 см. Гулҳои майдаи сурхча дошта, дар поя ҷойгир мешаванд. Моҳи июл гул карда, август самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар муҳити рушди папжаж мунтазам чарондани чорво боиси камшумории он мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити табиӣ аз тухм зиёд мешавад. Дар шароити сунъӣ санҷида нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳити рушди онро қатъӣ ҳифз бояд кард. Кори мамнуъгоҳи «Зоркўл»-ро дар маҳалле, ки папжаж бештар аст, пурзўр кардан лозим меояд.
Сарчашмаи иттилоот:
Линчевский, 1952.
ХОРИ ШУТУРАК
Acantholimon zaprjagaevii Lincz.
Оилаи Limoniaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷи кистон ва Афғонистони Шимолӣ мебошад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт, аз нигоҳи илмӣ кам таҳқиқ шудааст.
Паҳншавӣ
Дар Тоҷикистон онро фақат дар мавзеъи Алчахон (нишебии ғарби қаторкўҳи Кўҳифурўш) пайдо кардаанд.
Муҳити рушд
Бештар дар шахи регсангҳои хокистарранг, минтақаи марғзори баландкўҳ дар баландии 3350 м аз сатҳи баҳр месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба намуди A. lycopodioides (Girard.) Boiss. (Эрону Ҳимолой) монандӣ дорад.
Шумора
Дар давраи ҳозира маълум карда нашудааст, барои ҳамин миқдори он маълум нест, эҳтимол кам монда бошад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании болиштакшакли хордор, қутраш 10-20 см. Пояаш сершумор, то 1,5 см қад дорад. Гулаш сурхчатоб, моҳи июл мешукуфад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё