Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Онро дар табиат ҷиддӣ муҳофизат ва дар Мотрундара парваришгоҳ барпо кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Смольянинова 1952; Овчинников, 1955; Дарвозиев, 1973.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ГУЛИ ШАХ
Primula flexuosa Turkev.
Оилаи Primulaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Гиёҳи кам тадқиқшуда, хоси Тоҷикистони Шарқӣ аст.
Паҳншавӣ
Онро фақат аз муҳити қаторкўҳи Шуғнон (Бошевдара, деҳаи Ванҷқалъа) ва аз саргаҳи дарёи Чихок чиндаанд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои шахсор ва баландкўҳ (дар баландии 3400-4000 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба P. elliptica Royle (Ҳимолой) қаробат дорад.
Шумора
Маълум нест.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Ҳамчун гули ороишӣ ҷамъоварӣ карда мешавад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гули ороишӣ аст.
Тадбирҳои ҳифз
Вазъи табиии ин гули базебро омўхтан ва кишт кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Туркевич, 1921; Федоров, 1952; Тахтаджян, 1975; Белоусова и др., 1978.
ГУЛИ ТЎТИЁ
Primula lactiflora Turkev.
Оилаи Primulaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Гиёҳи камёфт, хоси ғарби Помиру Олой аст.
Паҳншавӣ
Қаторкўҳҳои Олой, Туркистон, Зарафшон, назди деҳаи Моғиён, кўли Марғузор, Мадм, Чапдара, Кум, назди кўлҳои Моғиф ва Кўликалон, деҳаи Пағна, ҳавзаи дарёи Паструд.
Муҳити рушд
Дар қаторкўҳҳои Олой (ҳавзаи Дарёи Шоҳимардон), Туркистон (Гуралаш) ва Зарафшон (дар чанд маҳал) ёфтаанд. Дар минтақаҳои ҷангалзори паҳнбарг ва арчазор (дар баландиҳои 2500-3100 м аз сатҳи баҳр) месабзад Намуди ҳамшабеҳ Ба P. kaufmanniana Regel (Помиру Олой, Тиёншон, Алатови Ҷунғор) қаробат дорад.
Шумора
Кам аст. Тоқа-тоқа вомехўрад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растаниест баргу поядор. Пояаш рост. Баргаш содда. Гулаш дар сипарча ҷойгир аст. Баргаш соддаи думчадор.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Мумкин аст аз сабаби маҳдудии маҳал ва таъсири омилҳои хоҷагидории инсон аз байн равад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Эҳтимол аз тухм ва бо роҳи нашвӣ (вегетативӣ) зиёд шавад.
Насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳити табиии онро ҳифз карда, тухмашро чун гули зебо парваридан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Туркевич, 1921; Федоров, 1952.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
АНОР (РУММОН)
Punica granatum L.
Оилаи Punicaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Аҳамияти ғизоӣ ва илмӣ дорад.
Паҳншавӣ
Дар Тоҷикистон анори худрўй дар ҳадди шимоли муҳити рушд месабзад. Дар Закавказия, Осиёи Хурд, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Афғонистон месабзад. Дар Тоҷикистон дар қаторкўҳи Дарвоз ва нишебиҳои он мерўяд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои ҷануб ҳамроҳи бодоми талх ва шулаш тоқа – тоқа месабзад; баъзан анорзори хурд (дар баландиҳои 600-1350 м аз сатҳи баҳр) вомехўрад.
Намуди ҳамшабеҳ Фақат як хел аст.
Шумора
Кам аст. Анорзори табиӣ, одатан, бо боғ ҳамшафат буда, шумораи онҳоро ба ҳисоб гирифтан душвор аст.

пешина
аз 256
навбатӣ