КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Хусусиятҳои биологӣ Дар охирҳои моҳи апрел ва аввали моҳи май ҷуфт мешавад. Модина дар моҳи июн тухм мегузорад.
Моҳи август аз тухм пайдо шудани насли онро мушоҳида кардан мумкин аст, ки андозаи баданашон ба 31-35 мм баробар аст.
Охирҳои моҳи август ва аввали сентябр андозаи бадани онҳо ба 230-235 мм мерасад. Дар соли дуюми ҳаёт ба балоғат мерасад. Аз намудҳои гуногуни мўрчаҳо, зоча ва тухми онҳо ғизо мегирад. Душманони табиии кўрмор – рўбоҳ ва парандагони соҳибчанголи шабона ба ҳисоб мераванд. Безаҳр аст.
Омилҳои маҳдудкунанда Омилҳои асосии нестшавии кўрмор ғайриқонунӣ доштани он, маҳдудшавии муҳити зист, чаронидани чорво дар маҳали сукунати он мебошанд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Нигоҳубини кўрмор дар шароити террариум имконпазир аст.
Тадбирҳои ҳифз
Ташкил намудани морхонаҳо бо мақсади парвариш ва ба маҳалҳои сукунати дар табиӣ сар додани он, пешгирӣ намудани ғайриқонунӣ доштани ин намудба афзун гардидани саршумори он мусоидат мекунад.
Сарчашмаи иттилоот:
Чернов, 1959; Саид-Алиев, 1979; Красная книга Тадж.ССР, 1988; Сатторов, 1993, 1994.
МОРИ ПЕЧОНИ ШАРҚӢ
Eryx tataricus (Lichtenstein, 1823) Зерқатори
Морҳо ‒ Serpentes Оилаи
Морҳои печон ‒ Boidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар соҳили дарёҳои Сир, Зарафшон, Сардаи Миёна, Қаратоғ, Варзоб, Вахш, Кофарниҳон, Қизилсу, Тоирсу ва Ёхсу, дар атрофи Муъминобод, Хоҷамуъмин, Ёл, Балҷувон, Ҳисор, Олимтой ва Ҷиргатол паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Муҳити сукунати мори печон мавзеъ ҳои гуногун мебошанд. Дар ҷойҳои хокашон зич қитъаҳои шағалу гилдори камрастанӣ маскан мегирад. Доманакўҳҳо ва минтақаҳои кўҳии ҳамшафати водиҳои хеле тангро меписандад.
Дар баландии аз 400 то 2000 метр аз сатҳи баҳр вомехўрад. Тарқишу сўрохиҳо ва лонаҳои куҳнаи хояндагони хурдро ҳамчун паноҳгоҳ истифода мебарад. Дар моҳи ноябр ба хоби зимистона меравад.
Аз моҳи март то ноябр фаъол аст.
Аз хояндаҳо, калтакалосҳо, ва парандаҳоро ғизо мегирад. Ғизои насли ҷавони мори печон аз ҳашароти гуногун иборат аст.
Саршумор
Солҳои пешин дар қитъаҳои гуногуни гилу регхок ва сафедхоки минтақаҳои биёбонии Тоҷикистони Ҷанубӣ, Ғарбӣ, Марказӣ ва Шимолӣ дар масофаи 6-12 км (дар паҳноӣ 3-5 м) аз 1 то 5 фарди мори печон вомехўрд. Айни замон ҳама ҷо камёфт шудааст ва дар мавзеъҳои зисти пештара ҳамагӣ 1-2 фарди мори печон вомехўрад.
ХАЗАНДАГОН
Reptilia
Хусусиятҳои биологӣ Дар қаламрави Тоҷикистон 3 зернамуди мори печон вомехўрад.
Оид ба афзоиши морҳои печон маълумоти пурра вуҷуд надорад.
Безаҳр аст.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ кардани муҳити зист, истифодаи он дар тибби мардумӣ, таъқиб ва несту нобуд кардани мори печон омилҳои асосии маҳдудшавии саршумори он мебошанд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ парвариши он имконпазир аст.
Тадбирҳои ҳифз
Мавзеъҳои хоси сукунати мори печони шарқиро дар соҳили дарёҳои Сир, Вахш, атрофии Айвоҷ зери муҳофизати ҷиддӣ қарор дода, ғўруқ эълон намудан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Чернов, 1959; Саид-Алиев, 1979; Красная книга Тадж.ССР, 1988; Сатторов 1993, 1994.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё