Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
нигоҳ медошт ва шоҳ дар рӯшноии шамъҳо бо меҳмонон нардбозӣ мекард.
Чун одат баъди зиёфат шоҳ савдогарро ба нардбозӣ даъват намуд ва шарт гузошт:
– Мо ҳар ду то саҳар нардбозӣ мекунем ва гурба бо думи худ ҳафт шамъи фурӯзонро нигоҳ медорад. Агар гурбаи ман шамъҳоро то субҳдам нигоҳ дорад, молу мулки ту аз они ман ва ҷойи ту зиндон, дар сурати афтодани шамъҳо ҳамаи дороии ман бо давлатам аз они ту. Савдогари бечора аз шарти шоҳ рӯй тофта наметавонист.
Ҳамин тариқ, шоҳ гурбаи донои худро бо овози махсус наздаш бозхонд. Гурбаи доно дар як лаҳза пайдо шуду думи худро боло бардошт ва хидматгорони шоҳ ҳафт шамъи калони фурӯзонро ба думи он гузоштанд. Нардбозӣ шурӯъ шуд. Онҳо се шабу се рӯз беист нардбозӣ карданд ва дар давоми ин вақт гурбаи доно боре ҳам думи худро наҷунбонид. Оқибат тоқати савдогар тоқ шуд ва ӯ ноилоҷ бой додани бозиро ба гардан гирифт. Аз ин кор шоҳи золиму хунхор хушҳол гардида, ба хидматгорони худ амр дод, ки молу мулки савдогарро гирифта, худашро ба зиндон партоянд.
Ҳамин тавр ҳам шуд.
Ҳамроҳони савдогар аз ин кор ғамгин шуданд ва ба ватанашон баргашта, воқеаро ба зани ӯ нақл карданд. Зани савдогар ҳалиму меҳрубон ва донову ҳамадон буд. Ӯ аз ин рафтори ноҷавонмардонаи шоҳи золим ба хашм омада, ба хидматгорони худ амр дод, ки ба сафар омода бошанд ва дар сандуқе муши бисёре ҷамъ оваранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё