Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гаронмоя хубону он хоста,
Бибурданд пеши вай ороста.

Басе хонд бар шаҳрёр офарин,
Ки «Бе ту мабодо кулоҳу нигин!»

235 В-аз он пас ба ганҷур фармуд шоҳ,
Ки «Даҳ хони заррин бинеҳ пеши гоҳ.

Баромез динору мушку гуҳар,
Парирўй даҳ бо кулоҳу камар.

Дусад хаззу дебои пайкар ба зар,
Яке афсари хусравӣ, даҳ камар».

Чунин гуфт, к-«Ин ҳадя онро, ки ранҷ
Надорад дареғ аз пайи ному ганҷ.

Аз эдар равад то сўи Косарўд,
Диҳад бар равони Сиёвуш дуруд.

240 Зи ҳезум яке кўҳ бинад баланд,
Фузун аст болояш аз даҳ каманд,

Ки онро ниҳодаст Афросиёб,
Бад-он гаҳ ки бугзашт з-он рўи об.

Чунон хост, к-он раҳ касе наспарад.
Зи Эрон ба Турон касе нагзарад.

Далере аз эдар бибояд шудан,
Ҳама Косарўд оташ андарзадан.

Бад-он то дар он ҷо бувад размгоҳ,
Паси ҳезум андар намонад сипоҳ».

245 Ҳамон Гев гуфт: «Ин шикори ман аст,
Ҳамон сўхтан кўҳ кори ман аст.

В-агар лашкар ояд, натарсам зи разм,
Ба разм-андарун каргас орам ба базм».

Ҳамон хоста Гевро дод шоҳ,
Чунин гуфт, к-«Эй паҳлавони сипоҳ,

Абе теғи ту тоҷ равшан мабод,
Чунин бод, бе бут бараҳман мабод!»

Бифармуд сад дебаи ранг-ранг,
Ки ганҷур пеш оварад бедиранг.

250 Ҳам аз ганҷ сад дурри хушшоб ҷуст,
Ки оби фусурдаст гўӣ дуруст.

Зи парда парастор панҷ оварид,
Сару ҷаъд аз афсар шуда нопадид.

Чунин гуфт, к-«Ин ҳадя ўро сазост,
Ки бар пок ҷонаш хирад подшост,

пешина
аз 234
навбатӣ