Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Далер асту бинолиду чарбгўй,
Набартобад аз шер дар ҷанг рўй.

Паёме барад назди Афросиёб,
Зи бимаш наёрад ба чашм-андар об.

255 Зи гуфтори ў посух орад ба ман,
Кӣ ёрад аз ин номдор анҷуман?»

Биёзид Гургини Мелод даст,
Бад-он роҳ рафтан миёнро бубаст.

Парастору он ҷомаи зарнигор
Бад-ў доду он гавҳари шоҳвор.

Абар шаҳрёр офарин карду гуфт,
Ки бо ҷони Хусрав хирад бод ҷуфт!

Чу рўи замин гашт чун парри зоғ,
Аз афрози кўҳ андаромад чароғ.

260 Сипаҳбад биёмад ба айвони хеш,
Бирафтанд гурдон сўи хони хеш.

Чу бо Рустам омад Сиёвуш ба ҷанг,
Ки бар ту ҷаҳонро кунад тору танг.

Бад-он гуна ранге барангехтӣ,
Зи ҳар гуна ганҷу дирам рехтӣ.

Фиристодияш пеш сад тан наво,
Бар инанд Эрону Турон гуво.

Барошуфт Ковус аз он оштӣ,
Зи Рустам гумон бурд, пиндоштӣ.

Аз ин бар Сиёвуш яке нома кард,
Бад-он то зи хешон баровард гард.

Бупечид гурдон зи фармони шоҳ,
Биёмад, туро кард пушту паноҳ.

Зи баҳри ту бугзошт Эронзамин,
Дурафшу сипоҳу кулоҳу нигин.

Паноҳи ту ҷуст, эй бади баднишон,
Ки гум бод номат зи гарданкашон!

Сари шаҳрёре чунон арҷманд
Буридӣ ба сони сари гўсфанд.

В-аз он пас ба хуни ман оростӣ,
Надида ҷаҳон марги ман хостӣ.

Чунон чанд гўям ситамҳои ту,
Ҳамоно ки дўзах сазад ҷои ту.

Чу хоҳӣ, нагардад дилам пур зи ҷўш,
Набошам бад-ин кин зи ту кинакўш.

Гурўи Зиреҳ он ки аз тухми Тур
Касеро ки дар гетӣ афканд шўр,

Чу Гарсевазу чун Дамуру сарон,
Ки бастанд бар кина бо ҳам миён,

Фиристӣ барам, то ба хуни падар
Сароншон бибуррам ба дарди ҷигар.

В-агар печӣ аз рою гуфтори ман,
Биёрой лашкар ба пайкори ман.

В-агар на ба додори Яздони пок,
Ба хуршеду маҳ в-озари тобнок

На ором созам бад-ин кин, на хоб,
Магар кин битўзам зи Афросиёб!

Чу бишнид Гургин зи Хусрав паём,
Ба пеши ҷаҳондор бугзорд гом.

Нишаст аз бари бораи роҳҷўй,
Ба Туронзамин зуд бинҳод рўй.

пешина
аз 234
навбатӣ