Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

830 Бизад тир бар аспи Бежан Фуруд,
Ту гуфтӣ ба асп-андарун ҷон набуд.

Бияфтод Бежан, ҷудо гашт аз ўй,
Сўи теғ бо теғ бинҳод рўй.

Яке наъра зад, к-«Эй савори далер,
Бимон, то бубинӣ кунун разми шер.

Бидонӣ, ки бе асп мардон ба ҷанг
Чӣ гуна хироманду ханҷар ба чанг.

Бубинӣ маро, гар бимонӣ ба ҷой,
Ки дар ҷанг аз он пас наёд-т рой».

835 Чу Бежан ҳаме барнагашт аз Фуруд,
Фуруд аз бараш низ тезӣ намуд.

Яке тири дигар бияндохт шер,
Сипар бар сар овард марди далер.

Сипар бардариду зиреҳро наёфт,
В-аз он рўй Бежан ҳаме баршитофт.

Аз он тундболо чу бар сар расид,
Бизад дасту теғ аз миён баркашид.

Фуруди гаронмоя з-ў бозгашт,
Ҳама бораи диж пуровоз гашт.

840 Давон Бежан андар паси пушти ўй,
Яке теғи бурранда дар мушти ўй.

Ба баргустувон барзаду кард чок,
Гаронмоя асп андаромад ба хок.

Ба дарбанди ҳисн андаромад Фуруд,
Далерон дари диж бубастанд зуд.

Зи бора фаровон буборид санг,
Бидонист, к-он нест ҷои диранг.

Хурўшид Бежан, ки эй номдор,
Зи марди пиёда далеру савор

845 Чунин бозгаштиву шармат набуд,
Дареғ он дилу чанги ҷанги Фуруд.

Биёмад бари Тус аз он размгоҳ,
Чунин гуфт бо паҳлавони сипоҳ.

Сазад гар ба разми чунин як далер
Шавад номбардор як дашт шер.

Агар кўҳи хоро зи пайкори ўй
Шавад об, дарё бувад кори ўй

Сипаҳбад нашояд, ки дорад шигифт,
Аз ин бартар андоза натвон гирифт.

пешина
аз 234
навбатӣ