Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

850 Сипаҳбад ба доранда савганд х(в)ард,
К-аз ин диж барорам ба хуршед гард.

Ба кини Зараспи гиромисавор
Битозам, бисозам яке корзор.

Тани турки бадхоҳ беҷон кунам,
Зи хунаш дили санг марҷон кунам.

Кушта шудани Фуруд

Чу хуршеди тобанда шуд нопадид,
Шаби тира бар чарх лашкар кашид.

Далерони диждор марде ҳазор
Ба сўи калот андаромад савор.

855 Дари диж бубастанд аз он рўи танг,
Хурўши ҷарас хост, овои занг.

Ҳамон духти Пирону моми Фуруд
Равон пур зи тимору дил пур зи дуд,

Биёмад,ба назди гиромӣ бихуфт,
Шаби тира бо дарду ғам буд ҷуфт.

Ба хоб оташе дид, к-аз диж баланд
Барафрўхтӣ пеши он арҷманд.

Саросар Сипадкўҳ бифрўхтӣ,
Парастандаву диж ҳаме сўхтӣ.

860 Дилаш гашт пурдарду бедор шуд,
Равонаш пур аз ранҷу тимор шуд.

Ба бора баромад, ҷаҳон бингарид,
Ҳама кўҳ пурҷавшану найза дид.

Рухаш гашт пурхуну дил пур зи дуд,
Биёмад давон то ба назди Фуруд.

Бад-ў гуфт: «Бедоргурд, эй писар,
Ки моро бад омад зи ахтар ба сар.

Саросар ҳама кўҳ пурдушман аст,
Дари диж пур аз найзаву ҷавшан аст».

865 Ба модар чунин гуфт марди ҷавон,
Ки «Аз ғам чунин чанд бошӣ навон?

Маро гар замона шудаст испарӣ,
Замонам зи бахшиш фузун нашмарӣ.

Ба рўзи ҷавонӣ падар кушта шуд,
Маро ҳам чу ў рўз баргашта шуд.

Ба дасти Гурўй омад ўро замон,
Сўи ҷони ман Бежан омад давон.

Бикўшам, бимирам ба ғам зорвор,
Нахоҳам аз эрониён зинҳор».

пешина
аз 234
навбатӣ