Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чу нома бихонӣ ҳам андар шитоб,
Зи дил дур кун хўрду орому хоб.

Сабук Тусро бозгардон ба ҷой,
Зи фармон магарду мазан ҳеч рой.

Сипаҳдору солори зарринакафш
Ту бошӣ бари ковиёнӣ дурафш.

1285 Сарафроз Гударз аз он анҷуман
Ба ҳар кор бошад туро ройзан.

Макун ҳеч бар ҷанг ҷустан шитоб,
Зи май дур бошу мапаймой хоб.

Ба тундӣ маҷўй эч разм аз нахуст,
Ҳаме бош, то хаста гардад дуруст.

Туро пешрав Гев бошад ба ҷанг,
Ки бо фарру бурз асту чанги паланг.

Фароз овар аз ҳар сўе сози разм,
Мабодо, ки ояд туро рои базм.

1290 Ниҳоданд бар нома-бар мўҳри шоҳ,
Фиристодаро гуфт, "Баркаш ба роҳ.

Маёсо зи рафтан шабу рўз ҳеч,
Ба ҳар манзиле аспи дигар басеч!"

Биёмад фиристодае з-ин нишон
Ба наздики он номвар паҳлавон.

Ба назди Фарибурз шуд номдор,
Бидод он замон номаи шаҳрёр.

Фарибурз Тусу ялонро бихонд,
Зи кори гузашта фаровон биронд.

1295 Ҳамон номвар Геви Гударзро,
Далерону гурдони он марзро.

Чу бархонд он номаи шаҳрёр,
Ҷаҳонро дарахти нав омад ба бор.

Бузургону шерони Эронзамин
Ҳама шоҳро хонданд офарин.

Сипаҳдор Тус он каёнӣ дурафш,
Або кўсу пилону зарринакафш

Ба дасти Фарибурз биспурду гуфт,
Ки «Омад, сазоро сазовор ҷуфт.

1300 Ҳамасола бахти ту пирўз бод,
Ҳама рўзгори ту Наврўз бод!»

Бирафту бибурд он, ки буд нўзарӣ,
Саворони ҷанговару лашкарӣ.

Ба раҳ-бар накард эч гуна диранг,
Ба наздики шоҳ омад аз дашти ҷанг.

пешина
аз 234
навбатӣ