Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Заминро бибўсид дар пеши шоҳ,
Накард эч Хусрав бад-ў-дар нигоҳ.
Ба дашном букшод лаб шаҳрёр,
Бар он анҷуман Тусро кард хор.
1305 В-аз он пас бад-ў гуфт, к-«Эй баднишон,
Туро ном гум бод аз саркашон.
Натарсӣ ҳаме аз ҷаҳондори пок,
Зи гурдон наёмад туро шарму бок.
Каёнӣ кулоҳу камар додамат,
Ба пайкори душман фиристодамат.
Нагуфтам марав сўи роҳи Чарам?
Бирафтиву додӣ дили ман ба ғам.
Нахустин ба кини ман оростӣ,
Нажоди Сиёвахшро костӣ.
1310 Бародар-сарафрози ҷангӣ Фуруд,
Ки чун ў дигар дар замона набуд,
Бикуштӣ касеро, ки дар корзор
Чу ту дашкаре хостӣ рўзгор.
Аз он пас, ки рафтӣ бад-он корзор,
Набудат ба ҷуз ромишу базм кор.
Туро ҷойгаҳ нест дар шорсон,
Гиреҳ боядат банду беморсон.
Туро пеши озодагон кор нест,
Куҷо мар туро рои ҳушёр нест.
1315 Нажоди Манучеҳру риши сафед
Туро дод бар зиндагонӣ умед.
В-агарна бифармудаме, то сарат
Бадандеш кардӣ ҷудо аз барат.
Бирав, ҷовидон хона зиндони туст,
Ҳамон гавҳари бад нигаҳбони туст».
Зи пешаш биронду бифармуд банд,
Ба банд аз дилаш бехи шодӣ биканд.
Диранг хостани Фарибурз
аз Пирон дар ҷанг
Фарибурз бинҳод бар сар кулоҳ,
Ки ҳам паҳлавон буду ҳам пури шоҳ.
1320 В-аз он пас бифармуд Руҳҳомро,
Ки пайдо кунад богуҳар номро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё