Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
1520 Бишуд тез Баҳром то пеши ўй,
Ба ҷон меҳрубону ба дил хеши ўй.
Бар ў гашт гирёну рухро бихаст,
Бидаррид пероҳан, ўро бубаст.
Бад-ў гуфт: «М-андеш, к-ин хастагист,
Табаҳ будани ин зи нобастагист.
Чу бастам, кунун сўи лашкар шавӣ
В-аз ин хастагӣ зуд беҳтар шавӣ».
Якеро зи гумроҳӣ овард боз,
Зи гумроҳии худ надонист роз.
1525 Бад-он хаста Баҳром гуфт: «Эй ҷавон,
Бимон, то кунун боз оям давон.
Яке тозиёна бар ин размгоҳ
Зи ман гум шудаст аз паи тоҷи шоҳ.
Чу он боз ёбам, биёям барат,
Ба зудӣ расонам сўи лашкарат».
В-аз он ҷо сўи қалби лашкар шитофт,
Ҳаме гашт, то тозиёна биёфт.
Миёни тали хастагон-андарун
Бар ў рехта хоки бисёру хун.
1530 Фуруд омад аз аспу он баргирифт,
В-аз аспон хурўшидан андаргирифт.
Хурўши дами модиён ёфт асп,
Биҷўшид бар сони озаргушасп.
Сўи модиён рўй бинҳоду тафт,
Ғамӣ гашт Баҳром в-аз пас бирафт.
Ҳаме шуд дамон, то расид андар ўй,
Або тарку хафтон пур аз об рўй.
Чу бигрифташ, андар замон барнишаст,
Гирифта яке теғи ҳиндӣ ба даст.
1535 Чи бифшурд рон, эч нагзорд пай,
Савору тани бора пурхоку хай.
Чунон тангдил шуд ба якборагӣ,
Ки шамшер зад бар сари борагӣ,
В-аз он ҷойгаҳ то бад-он размгоҳ,
Пиёда бипаймуд чун бод роҳ.
Саросар ҳама дашт пуркушта буд,
Замин чун гули арғавон гашта буд.
Ҳаме гуфт, акнун чӣ созем рўй
Дар ин дашт бе бораи роҳҷўй.
1540 Аз ў саркашон огаҳӣ ёфтанд,
Саворе сад аз қалб биштофтанд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё