Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ки ўро бигиранд аз он размгоҳ,
Барандаш бари паҳлавони сипоҳ.

Камонро ба зеҳ кард Баҳроми шер,
Буборид тир аз камон он далер.

Чу тири ялӣ дар камон рондӣ,
Ба пероманаш кас куҷо мондӣ.

Аз эшон фаровон бикушту бихаст,
Чу шери жиён пеши душман биҷаст.

1545 Саворон ҳама бозгаштанд аз ўй.
Ба наздики Пирон ниҳоданд рўй.

Бигуфтанд, к-инат ҳизабри далер,
Пиёда кунад ҷанг чун наррашер.

Кушта шудани Баҳром бар дасти Тажов

Чу лашкар биёмад бари паҳлавон,
Бигуфтанд бо ў зи кори ҷавон.

Фаровон сухан рафт аз он размсоз,
Зи пайкори ў ошкорову роз.

Бипурсид Пирон, ки «Ин мард кист?
В-аз ин номдорон варо ном чист?»

1550 Яке гуфт: «Баҳроми шеравжан аст,
Ки лашкар саросар бад-ў равшан аст».

Ба Рўин чунин гуфт Пирон, ки «Хез,
Ки Баҳромро нест ҷои гурез.

Магар зинда ўро ба чанг оварӣ,
Замона баросояд аз доварӣ.

Зи лашкар касоне, ки бояд, бубар,
Ки ў номдор асту пархошхар».

Чу бишнид Рўин, биёмад дамон,
Набудаш ҷуз андешаи бад гумон

1555 Чу Баҳром дидаш, ба кирдори гард
Бар ў-бар яке тирборон бикард.

Бари тўда биншаста Баҳроми шер,
Ниҳода сипар бар сари худ далер.

Чу Рўини Пирон зи тираш бихаст,
Ялонро ҳама кунд шуд пову даст.

Ба сустӣ бари паҳлавон омаданд,
Пур аз дарду тираравон омаданд,

Ки ҳаргиз чунин кас наёмад ба ҷанг,
Ба дарё надидем ҷангӣ наҳанг.

1560 Чу бишнид Пирон, ғамӣ гашт сахт,
Биларзид бар сони барги дарахт.

пешина
аз 234
навбатӣ