Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

мекунанд ва гӯшагирӣ аз халқ ва чодарнишинӣ
асоси ин таҳрифот буда, дар фаъолияти роҳибон
инъикос ёфтааст. Вале тибқи аҳодиси саҳеҳ
«Раҳбоният дар ислом ҳаром аст», ё худ «Дунёро
дашном накунед, ки он низ они худост», аммо
роҳ ёфтани сияҳпӯшӣ ва раҳбоният аз насоро бар
муслимини дунё аз ҳаводиси замони муосир нест,
балки таърихи тулониро дорост. Ҳанӯз дар овони
зиндагии муслимини садри ислом кӯшишҳои
ворид намудани таҳриф дар Қуръон ва аҳодиси
набавӣ ҷиҳати татбиқи «солиси салоса» (шакли
ширк, ки тибқи он ба се мабдаъ қоиланд: аб, ибн
ва руҳулқудс) ва тағйир ёфтани эътимоди
мусалмонон ба мазҳабҳои таҳияшуда ба вуҷуд
омаданд, ки дар замони муосир низ дар
пӯшишҳои ҷадид ва дар шаклҳои такмилёфта аз
хотири дар ғафлат нигаҳ доштани аҳли ислом
бар онҳо таҳмил мегарданд. Бархурду бардошти
дуҷониба байни исавиён ва мусалмонон дар
сартосари таърихи тамаддуни исломӣ мушоҳида
мешавад, аммо аз садаи нуздаҳум инҷониб
кӯшиши аз саҳна хориҷ намудану бадном
сохтани аҳли ислом бо дасти мусалмонон идома
дорад ва беҳтарин намуна аз ин саҳнаи маҳвшавӣ
бидуни таҳқиқ истиқбол намудани сияҳпӯшӣ ва
ҳиҷобҳоест, ки аз ҷониби бегонагон бар мо
интиқол шудааст. Боз агар дар дохили як
кишвари мустақил аз интишоршавии расму оин
ва пӯшишҳои таҳмилӣ ҷилавгирӣ шавад, ҳатман ҷосусҳои хориҷӣ бо ниқоби муҳофизони ҳуқуқи башар бонги изтироб мезананд ва мегӯянд, ки дар фалон мамлакат ҳуқуқҳои мазҳабии шаҳрвандон пайваста поймол мегардад.

пешина
аз 303
навбатӣ