БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Рӯ бар бегонагон овардан ва ё бегонагироӣ махсуси ин ё он миллат нест, балки чун нақшаи таҳияшуда аз ҷониби бегонаест, ки мехоҳад ба сарчашмаи асрорҳои оилае роҳ ёбад. Эҳсоси дахл намудан, ки бо таассуб омехта аст, дар ниҳоди ҳамаи инсонҳо мавҷуд аст, аммо бархе аз афрод ин ҳасосиятро амалан татбиқ намуда, ба таври иҷборӣ нуфузи худро дар гардани ашхоси ғайр бор мекунанд. Муҳаммад Шакурии Бухороӣ, ки ба масоили ҳувияти фарҳангӣ ва ҷаҳонсозӣ таваҷҷуҳ намудааст, китобе бо унвони “Хуросон аст ин ҷо” таълиф намуда, омилҳои фарҳангии ҳувиятсозро баррасӣ мекунад, аммо чунонки аз номи рисола бармеояд, мусанниф ин ақидаро дунбол гирифтааст, ки сарзамини тоҷик ҷое таҳмилпазир ҷиҳати истиқбол аз партовҳои маънавии Ғарб нест ва намебошад. Мавсуф бобати масъалаи мазкур менигорад: “Омилҳои бумии анъании ҳувиятсоз бунёди миллии фарҳангро ба вуҷуд меоварад ва ягонагии фарҳангии миллатро таъмин мекунад. Садаи XX ба бунёди миллии фарҳанги халқҳо бисёр зарар овард ва акнун ҳавохоҳони ҷаҳонгароӣ онро боз сусттар карда, дар байни миллатҳои ҷаҳон якрангиро қувват додан мехоҳанд. Дар ин маврид ҷаҳонгароӣ моҳиятан ғарбгароӣ хоҳад буд, ҳамрангии миллӣ заминаи ҳамрангӣ бо мардуми Ғарбро омода хоҳад кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё