БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

гирифта, ба василаи узви хонавода татбиқ
мегардад. Ҳиҷоби сияҳ дар ҷомеаи Тоҷикистон
бори нахуст дар гирдиҳамоиҳои шаҳри Душанбе
зуҳур карда, онро муридони афроде дар соли
1991 ба маърази тамошо гузошта буданд, ки
тибқи нақша дар нимаи дувуми садаи гузашта
Ҳизби исломии шӯравиро дар Қазон таъсис дода
буданд, аммо аз лиҳози маънавӣ ва бо дар
назардошти шиорҳо ин гирдиҳамоиҳо асолат
надошта, нусхае аз Инқилоби исломии Эрон
маҳсуб меёфтанд, ки он ҳам (ҳадаф инқилоби
исломӣ аст) нақшаи таҳияшуда дар ҳуҷраҳои
истихборотӣ аст ва сияҳпӯшӣ низ, ки бори аввал
дар тазоҳуроти бонувони шомил ба Ҳизби ҳоло
террористӣ эълонгардидаи исломӣ таблиғ
гардид, аз зумраи аносири таҳмилӣ ва
бардоштҳои номақбул аз «Васиятномаи сиёсӣ», ё
худ «Паёмҳои бароат»-и Оятуллоҳ Хумайнӣ
дониста мешавад, чунки маҳз ҳамин ду маводи
таблиғӣ бидуни монеа ба сарзамини тоҷикон
ворид шуда, бо дастури ҳокимон ва
ҷонибдорони назарияи интиқолии «давлати
исломӣ» дар майдонҳои пойтахт рақсидани
муслимин дар авоили солҳои 90-уми садаи
гузашта айни замон аз ҷониби сиёсатшиносони
дохиливу хориҷӣ исбот шудааст. Аз ҷониби
дигар, сияҳпӯшӣ хоси роҳибони тарсоӣ ва
роҳибаҳо буда, онҳо тибқи таҳрифоте, ки дар
Инҷил пас аз марги Масеҳ ворид шудааст, амал

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё