БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Назарияи адами фарҳанги ягона дар зимни худ мақсаде дорад, ки ҳисси миллӣ, ифтихори миллӣ, умуман, ҳувияти миллиро кам – кам нест карда, барои расидан ба якрангии ҷаҳонӣ, дурусттар ин ки барои расидан ба ҳамрангӣ бо мардуми Ғарб замина омода бисозанд”129. Дар ҳар ду ҳолат ин ҷо манофеи аҷнабӣ ошкор мешавад: аввалан, суйиистифода аз ислом ҷиҳати роҳандозӣ шудани ҳадафҳои геосиёсии араб чун гумоштаи қудрати ҷаҳонӣ ва сониян, иқдом аз ҷаҳонишавӣ бо пӯшишҳои такмили демократия, субот ва озодиҳои гуногуне дар ҳошияи шаҳрванди ҷаҳон хостани намояндагон ва миллатҳое, ки дар ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф иқомат мекунанд. Ба ибораи дигар, ҳамрангии фарҳангӣ тавассути татбиқ ва таҳмили фарҳанги ғолиб дар мисоли тамаддуни Ғарб навъи муосири ғасбкориҳоест, ки дар ҳар садсолае мушоҳида мекунем ва таърихи башар аз чунин иқдомҳо сарозер аст.
Муосирсозӣ аз ҷаҳонишавӣ ва тамоили ғарбгароӣ мутафовит аст. Рушди тафаккури техникӣ он маъноро надорад, ки кишвари мо ба ҷомеаҳои тавсеаёфта монанд бошад. Онҳое, ки ҷаҳонишавиро шакли муосири тасарруфи ҷаҳон
Шакурӣ М. Хуросон аст ин ҷо, - Душанбе: Дониш, 2009, - с. 211.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё