Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

пиндошта, гироиш ба Ғарбро чун Шакурӣ бохти
фарҳанги миллӣ муаррифӣ кардаанд, боз ҳамон
васоити ахбори коммуникатсиониро (фақат
навъи форсии интернет) иблоғ карда,
бузургбародарии Эронро дар шакли гироиш
таъкид менамоянд. Пас гироиш ба Ғарб марги
ҳувияти миллисту гироиш ба Эрон магар
тақвияти он ҳувият аст? Воқеан, ҷаҳонишавӣ
омили асосии буҳрони ҳувиятҳост, аммо ҳастии
миллиро фақат худи миллат таъмин хоҳад кард
ва ин андешаро болшевизм исбот мекунад, чунки
дар аҳди Шуравӣ ҷиҳати рушди фарҳанги миллӣ
таваҷҷуҳе зоҳир намешуд ва тибқи ақидаи
болшевизм на танҳо миллатҳову фарҳангҳо,
балки қудратҳову нобаробариҳо аз байн
мераванд. Ғарб ҳақ аст, вақте ки мегӯяд, ки
фарҳанги ӯ бар соири тамаддунҳои дигар ғолиб
омадааст, аммо пайравӣ ва гироиши фоҳиш аз ин
тамаддуни ғолиб фармудаи Ғарб нест, балки
инсонҳо бо таваҷҷуҳ бар фарҳангҳои гуногун
майл пайдо мекунанд. Ҳатто аксар муосирин бо
таваҷҷуҳ бар шароити зист ва сатҳи иқтисодӣ ба
ҳиҷрат рӯ оварда, муддатҳо дар кишварҳои Ғарб
кору фаъолият менамоянд, аммо фарҳанги
бегонаро истиқбол накардаанд. Ҳеҷ миллате
фарҳанги бегонаро напазируфтааст ва дар таърих
низ пазируфтани фарҳанги бегона танҳо дар
сурати ғасб намудани кишваре ва иҷборан
шаҳрвандони онро водор кардаанд, ки фарҳанги ғосибро пайравӣ кунанд.

пешина
аз 303
навбатӣ