Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

мушоҳида нашудааст, яъне алҳол илм ва фановарӣ ба ҳамдигар побанд ҳастанд ва бидуни техника илми муосирро тасаввур кардан нашояд:
“Дар ин росто, илми муосир тобеияти хос бар хилофи улуми фалсафии қадимӣ касб мекунад.
Улуми таҷрибӣ аз замони Галилей дар ҳоли тавсеа будааст ва бинобар ин, улуми ҷадид бо таваҷҷуҳ ба худ дониш тавлид мекунанд, аммо адами вобастагии мутақобили илму техник то поёни қарни XIX вуҷуд надоштааст”137.
Мусаннифи китоб ақидае пешниҳод мекунад, ки тибқи он аз қудрати идеологияи ҷадид, яъне печидагии илм бо фановарӣ вуҷуди фарҳангии ҷомеа осеб мебинад ва қабл аз ҳама ба забон дар муҳити иҷтимоӣ зиён мерасад: “Дар ин миён идеологияи нав ҷиҳати алоқаи муртабит бо ҳар ду шароити асосии вуҷуди фарҳангии мо – алоқа ба забон, дақиқтар ба иртибот дар ҳолати оддии шакли забони иҷтимоӣ ва фардият осеб мерасад”138.
Дар ҷаҳон ҳануз аз давраҳои бостон Ғарбу Шарқ алайҳи якдигар қарор доштанд ва ҳатто бозгашти Ғарб ба Шарқ имрӯз низ гоҳ-гоҳе аз ҷониби ҷомеашиносони фарангӣ масъалагузорӣ мешаванд. Дар натиҷаи ин ҷудоӣ арзишҳои

137 Хабермас Ю. Техника и наука как «идеология», - М.: Параксис, 2007, - с. 79.

Ҳамон ҷо, с. 101.

пешина
аз 303
навбатӣ