БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

фарҳанги ҷадиде эҷод шуд, ки ба ҷойгоҳи вижаи ақл, озодӣ ва шахсият ҳамроҳ буд. Карл Ясперс ҷиҳати бозгардидани дубораи Ғарб чунин андешаро пешниҳод мекунад: “Аврупо қитъаи бостонӣ аст, ки аз раҳми модаре чун Осиё ҷудо шудааст. Оё метавон фарз кард, ки Аврупо бо шикасти дубора ба Осиё бозгардад?”139. Дар асрҳои XIX ва XX буҳрони фарҳанги аврупоӣ масъалаи ҳамоҳангии Шарқу Ғарбро муҷададан матраҳ намуд. Ин навбат мо таҳти таъсири дидгоҳи Хабермас хоҳем буд, ки худ иҷозаи тафсири густурдае аз ин мафҳум мебошад:
“Иштибоҳ хоҳем кард, агар ҷаҳоншиносии Замони навро бо аҳди муосир як маром истиқбол кунем” [102]. Ясперс ин суолро ба шарҳи зер матраҳ мекунад: “Чи чизе дар Шарқ ёфт мешавад, ки битвонад камбудиҳои Ғарб ва он чиро, ки аз даст додааст, ҷуброн кунад?”140. Аз назари мо, тафовути байни Шарқу Ғарб на танҳо дар сатҳи ҷаҳонбинӣ ва рушди донишҳои техникӣ, балки дар мавқеъ ва мартабаи инсонҳо ҷиҳати баҳогузориҳои ахлоқӣ, фаҳмишҳои динию ирфонӣ ва тафовути фоҳиш дар фарҳангҳоест, ки ҳар ду ҷониб дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаанд. Кароматулло Олимов
139
Ясперс К., Бадрияр Ж. Призрак толпы, - М.: Алгоритм, 2007, - с. 91.
140
Ясперс К., Бадрияр Ж. Призрак толпы, - М.: Алгоритм, 2007, - с. 90.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё