Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

низ дар як мақолаашон таҳти унвони “Давлатҳои миллӣ ва ниҳодҳои ҷаҳонӣ: таамул дар роҳҳои шаклгирии фарҳанги ҷаҳонӣ”, ки соли 2010 дар китоби ыудогона интишор ёфтааст, чунин менависанд: “Ҷиддитарин таззодҳо, ки байни ҷаҳонбинӣ ва идеология шомил мебошанд, динӣ ва дунявӣ ҳастанд. Ба таври мутаноқиз дар шароити ҷаҳонишавӣ дин гоҳе ба унвони механизме барои ҳифозат аз фарҳанги миллӣ амал мекунад ва ин муддат омили ташкили ҳувияти миллӣ хоҳанд буд.
Аммо Шарқ аз нигоҳи шарқиён ба таври мухталиф баррасӣ шудааст. Асари Фитрат таҳти унвони “Мунозира”, ки соли 1909 интишор гардид, дар асоси як мунозираи кӯтоҳ аз “Наводир-ул-вақоеъ” бармеояд. Аз ҷониби дигар, ин асар дар баҳси сайёҳи бухорӣ бо як нафар фарангӣ мунозираи рушду тараққӣ бо зулму торикист ва як намуд таҳмил намудани зисту фаъолият ва андешаронии Ғарб ба Шарқ маҳсуб мешавад. Тибқи ақидаи Аҳмади Носируддин дар “Наводир-ул-вақоеъ” Шарқ мебоист бидуни пайравӣ аз Ғарб рушду тараққӣ кунад, аммо Фитрат дар “Мунозира”-аш таҳавулоти Бухороро бидуни таҳмили андешаронии аврупоӣ ғайриимкон меҳисобад.
Агар Аҳмади Дониш дар китоби дигари хеш ба унвони “Мейёр-ут-тадайюн” мазҳабгароиро омили асосии барҷомондагӣ ва паркандагии

пешина
аз 303
навбатӣ