Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

муслимини Бухоро донистааст, пас Абдурауфи
Фитрат дар “Мунозира” баҳси шиаву суннатро
ба асри худ ғайри қобили қабул дониста,
пешравии ҷомеаи Бухороро дар пайравӣ аз
озодандешии Туркияи усмонӣ мебинад ва ҳатто
гумон ҳам надорад, ки мамлакати зикршуда
танҳо нусхаи кишварҳои Урупост ва урупоиҳо ба
василаи туркҳои усмонӣ ақидаи хешро ба
кишварҳо интишор менамоянд. Агар Аҳмади
Дониш дар васфи Русияи подшоҳӣ фақат ба
тавсиф қаноат кунад, Фитрат бо роҳи таблиғ
низоми сиёсии урупоиро бар ҷомеаи Бухоро
таҳмил менамояд. Айнӣ махсусан дар «Таърихи
Инқилоби фикрӣ дар Бухоро» низоми
подшоҳиро мавриди интиқоди шадид қарор
додааст, аммо ӯ низ дар китоби мазкур макотиби
усули ҷадид ва чӣ гуна бо кумаки тоторҳои Қрим
бори нахуст кушода шудани инчунин мактабҳо
дар Бухорову Самарқанд маълумот додааст, вале
Айнӣ сабабҳои дар Бухорову Самарқанд ба
фаъолияти эмиссарӣ пардохтани муллоҳои
тоторро таҳқиқ накардааст. Ӯ низ аз ашхоси
мубориз ва ҷонибдорони мактабҳои усули нав
буд, фикр мекард, ки муллоҳои тотор низ мисли
дигар муслимини аз лиҳози маънавӣ пешрафта
нисбат ба ҷомеаи Бухоро хайрхоҳ ҳастанд. Маҳз
ҳамин тарбияи нодуруст дар рӯҳияи эътимод ба
афроди диндор тоҷиконро дар аксар маврид
тобеи андешаҳои аҷнабӣ намудааст, дар ҳоле ки домулло Айнӣ ба одамони диндор илтифоти барҷаста доштааст.

пешина
аз 303
навбатӣ