БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Замони пайдоиши ҷавонбухориён аз он шаҳодат медиҳад, ки дар миёни тоҷикон бо далели интишори ақоиди понисломистӣ густариши тафаккури миллӣ ба назар намерасад ва ҳатто чунин ашхоси сиёсатмадор ва донишманд чун Мирзо Сироҷи Ҳаким дар баёни ақидаҳои худ тамоюлоти динӣ доштаанд. Аммо таҷрибаи таърихии тоҷикон далели муътамад аст, ки тарзи тафаккури динӣ ва панисломистӣ барои тоҷикон оқибат бо ғалабаи пантуркизм анҷом пазируфтааст. Маҳз ҳамин эътимод ба ақидаҳои динӣ сабаб гардид, ки тоҷикон дар тақсимоти милливу марзӣ бо дахолати худи тоҷикҳо аз давлатдории миллӣ маҳрум гашта, дар сарзамини хеш аз бегонагон тобеъ гардиданд, чунки инкор намудани тоҷик ва таъсиси давлати воҳиди Туркистон минбаъд гӯё имкон ба вуҷуд меовард, ки муслимини Осиёи Миёна аз тобеияти болшевикҳо озод гардида, давлати ягонаи исломиро дар масоҳати бузургтар ташкил намоянд. Иқрори бархе аз ходимони бонуфузи давлатӣ мисли Абдуқодир Муҳиддинов, Файзулло Хоҷаев, Аббос Алиев ва амсолашон аз ин гуфтаҳо шаҳодат медиҳанд.
Дар охири садаи бистум низ маҳз бо ғалабаи андешаи динӣ бар ақидаи миллӣ дар тоҷикон қудрати сиёсӣ ба дасти чандин муллоҳои аз сиёсат бехабар уфтод ва хатари аз байн рафтани давлати миллӣ ба вуҷуд омад, ки онро бо талошҳои камназир фарзандони садоқатпешаи тоҷик чун Нусратулло Махдум, Шириншо Шоҳтемур ва ғайра барқарор сохта буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё