БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Ҳар миллате аз бурду бохти таҷрибаи таърихӣ омӯхта, ояндаи хешро пешбинӣ менамояд, аммо барои тоҷикон ибратомӯз он аст, ки дар таърихи начандон дур онҳо пайваста бо як иштибоҳ зарбаи марговар ба пайкари худ мезананд. Тақсимоти милливу марзии соли 1924 ҳамин гуна зарбаи ҳалокатбор буд ва ҳеҷ душмане бовар надошт, ки тоҷикон пас аз хӯрдани чунин зарбаи марговар боз бар по мехезанд. Ҳаракати босмачигарӣ низ дар асоси тафаккури динии заифгардида берун аз марзи Тоҷикистон таҳмил гардида буд ва бо ғалабаи аксулинқилобиюн Тоҷикистон ба тобеияти Бритониё меафтид. Сабаб чист, ки тоҷикон бештар аз меъёр ба тарзи тафаккури динӣ мувоҷеҳ мебошанд? Чунки ҳамаи таълимоти интиқолгардида дар пӯшиши дин ба тоҷикон таҳмил мешавад ва тағйир хӯрдани низоми сиёсиро бо ширкати тоҷик пешбинӣ мекунанд.
Алъон ҷудогона тадрис ёфтани таърихи сиёсӣ новобаста аз давраҳои таърихӣ ба маънии як қадам ба пеш мебошад, вале ин таърихи сиёсӣ низ мисли таърихи пешин дар пояи андешарониҳои ховаршиносони аҳди Шуравӣ бунёд ёфта бошад, пас аз эҳёи илм ва мустақилияти он аз баҳогузориҳои ховаршиносони хориҷӣ чӣ суд бардоштан имкон дорад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё