Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

муносибатҳои байналмилалӣ, тезутунд шудани низоъҳои фарҳангӣ ва идеологӣ, тезутунд шудани таҳдид ба амнияти башариро (нашъамандӣ, терроризм, низоъҳои байни миллатҳо ва ғайра) ҳал карда натавонист.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф кайҳо боз ба раванди ҷаҳонишавӣ ворид шуда, бо бархе аз вижагиҳои мусбати сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Аммо сатҳи тафаккур ва пояи андешаи аксар муосирин ҷустуҷӯ дунболи манофеъ ва қабул доштани мусбат ва инкори манфӣ аст, яъне агар шайъ паҳлӯҳои мусбату манфиро дорост ва тибқи қонуни инкишоф якеро тариқи муқобил шинохтан муяссар мешавад, масалан, некӣ дар бадӣ нуҳуфтааст ва баръакс, лекин афроди муосир бо мо некиро аз бадӣ ҷудо карда, робитаи байни онҳоро қатл менамоянд ва хулосаи ин гуна тафаккур ин аст, ки мусбат аз манфӣ ҷудост, дар ҳоле ки Нитше некиро ҳомили бадӣ гуфтааст ва Муҳаммад ибн Абдуллоҳ қабл аз ӯ дар ҳадисе ин нуктаро тазаккур додааст: “Некии бемаврид зулм аст”. Ба ибораи дигар, агар мусбату манфӣ аз якдигар ҷудо бошанд, пас некӣ агар бемаврид ҳам бошад, дар ҳеҷ сурат зулм нест, чунки инсон дар аксар мавридҳо мавҷуди мункиркунандаи худист, вагарна зарурати истиқбол аз ақидаи ғайр боқӣ намемонд. Ба ин монанд раванди ҷаҳонишавист, ки дар баробари вижагиҳои мусбат боз хусусиёти манфиро низ шомил мебошад ва фақат инсон медонад кадом паҳлӯи онро истиқбол намояд ва кадом самти онро канор бигзорад.

пешина
аз 303
навбатӣ