Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Илова бар ин, омилҳои эҷодшуда тавассути таҳия ва татбиқи сохторҳои таблиғӣ инсонҳоро дар ҳоли ҳасосият гузошта, ба онҳо гиравидан ба зуҳуроти муосирро раҳнамоӣ мекунанд, ки оқибат пайравиро дар фаъолияти бештари шаҳрвандон мушоҳида мекунем. Ин ки омма бо пайравӣ аз дигарон маъруф шудааст ва яке аз вижагиҳои фарҳангии мардумӣ низ иборат аз ин аст, ки аксарияти мардум ба худии худ вуҷуд надоранд, бинобар ин, онҳо дунболи касе ҳастанд, ки ӯ дар навбати худ метавонад гумоштаи қудрате бошад ва мехоҳад тавассути ӯ ҳадафҳоеро пайгирӣ кунад, ки бар манофеи миллӣ муқобил буда, низоъ ва даргириҳоро дар минтақа роҳандозӣ намояд.
Алии Шариатӣ се навъи ҷомеаро таъкид мекунад: 1. Ҷомеаи бадавии нимаваҳшӣ, 2.
Ҷомеаи таърихӣ, 3. Ҷомеаи мудерн. Ба қавли Шариатӣ, навъи савуми ҷомеаҳо вижагиҳои истеъморӣ дошта, дигаронро ба худ тавассути найрангҳои сиёсӣ ром мекунанд: “Таҷрибаи равоншиносӣ нишон медиҳад, ки як фард ба мизоне, ки худашро ҳақир, фоқиди фақр, фоқиди асолат ва фоқиди арзишҳои инсонӣ меёбад, ба ҳамон мизон роми дигаре мешавад. Ва на танҳо роми дигаре мешавад, балки кӯшиш мекунад то ром шудан ба дигарро ба даст биёварад”142.

пешина
аз 303
навбатӣ