Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Бинобар ин, алҳол кишварҳои рӯ ба инкишоф аз бисёр ҷиҳат пойбанд аз давлатҳои рушдкарда мебошанд ва созмонҳои ҷаҳонии иқтисодӣ бар манфиати онҳо фаъол ҳастанд, яъне таҳқиқи ҷаҳонишавии иқтисодӣ нишон медиҳад, ки раванди мазкур лағви заминаҳои рушд барои кишварҳои рӯ ба инкишоф маҳсуб мешавад.
Минҷумла, Созмони ҷаҳонии Савдо ва муқаррароте, ки зимни шомилшавии давлатҳо ин созмон тарҳрезӣ намудааст. Ба қавли бисёриҳо, барои кишваре, ки арзиши бағоят пасти қувваи коргариро дорост ва илова бар он, он ҷо ки масоили ҷалби инвеститсия дар сатҳи пасттар баррасӣ мешавад, шомилшавӣ ба Созмони Ҷаҳонии Савдо аҳамияти рушди тадриҷии иқтисодиро фароҳам меорад. Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон талош меварзид, ки ба ин созмони мутазаккир шомил гардад. Аммо тарзи сохтор ва роҳҳои татбиқи афкори глобализатсияи қудрат дар замони мо суду зиёнро бо ҳам тавъам сохтааст ва ҳар гуна фоида, ки аз табодули иртиботӣ бо равандҳои сатҳи ҷаҳонӣ дастрас мешаванд, оқибат дар зиёни кишварҳои рӯ ба инкишоф матраҳ мегарданд ва дар ин маврид лоиҳаҳо гувоҳ ҳастанд, ки ҳар гуна кумакро бо дарназардошти ҳаҷми фоида аз нигоҳи ҳадафҳои геосиёсӣ мавриди таҳмил ва интиқол қарор медиҳанд.

пешина
аз 303
навбатӣ