БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Алҳол, мубаллиғини хориҷӣ дар фурӯши силсилафилмҳои туркӣ ҳамаи меъёрҳои фарҳангиро таҷовуз намудаанд, лекин вазифаи асосии илм иборат аз ин аст, бо боло бурдани сатҳи ҳувияти фарҳангии шаҳрвандон онҳоро аз чанги аҷнабӣ раҳо кунад. Бар хилофи ин, ҷаҳонишавӣ мунҷар ба густариши доимии ҳамгироӣ ва баҳамоии фарҳангҳо байни мардуме мешавад, ки дар сайёраи мо сокин ҳастанд. Ҷаҳон дар айни замон ба ҳамон андоза ниёзманди эҳтироми бештар ба ҳамгироист, ки фарди дорои ҷаҳонбинии ноқис ва таассубу ҳисси бадбинӣ онро дарк намекунад ва ҳатто барои дарк намудани чунин арзишҳо ниёз надорад. Бинобар ин, фикри бартарӣ додани худ ва фарҳангу тамаддуне, ки аз онҳо намояндагӣ хоҳед кард, басе фаҳмиши аҳмақона аст, ки инсонро дар муҳити иҷтимоӣ оқибат расво карда, чун нотавонбин дар назари ҳама муаррифӣ мекунад.
Беҳтар пиндоштани худ аз дигарон василаи дунболи худ раҳнамоӣ кардани онҳост ва Алии Шариатӣ дар ин маврид менависад: “Ғарб бо бад нишон додани мо худашро ба сурати кулли бенуқсон, беайб, дорои ҳамаи имконоте, ки навъи баргузидаи башар метавонад дошта бошад, як кулли мутлақ муаррифӣ кард, ки ҳар чӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё