БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

меандешад, беҳтарин аст ва ҳар чӣ коре мекунад,
коре аст, ки беҳтарин аст...”145. Ба қавли бархе аз
ҷомеашиносони Ғарб, “яке аз далелҳои рад
шудани фарҳанги бегона ин аст, ки дар чунин
бархурде мавзуи бартарии як фарҳанг ногузир
матраҳ мешавад”. Шояд барои афроде, ки
собиқаи бадавӣ дошта, дар тӯли таърих ҳамеша
фарҳангу тамаддуни милали ғасбгардидаро
пазируфтаанд, имрӯз бартарии фарҳанге дар
тафаккури онҳо нақши боризе боқӣ гузорад,
аммо миллатҳое, ки фарҳанг офаридаанд, зимни
ҳамгироии фарҳангҳо бартарӣ додани яке аз онҳо
чандон эътимодбахш намебошад. Аммо дар
замони соҳибистиқлолӣ дар минтақа ва дар
ҳамсоякишварҳо ин баҳогузорӣ васеъ интишор
гардид ва миллатҳое, ки таърихи начандон
тӯлонӣ доранд, ба худ иҷоза доданд, ки Одам
алайҳисаломро чун худ дониста, нахустин
инсонҳоро ҳамтабори хеш муаррифӣ кунанд. Ин
андеша, ки рӯирост таҳрифи таърих аст, бештар
дар Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон паҳн
гардид ва олимони ин кишварҳо далелҳои маснӯӣ
пешниҳод намуданд, ки миллатҳояшон
қадимтарин дар сайёра маҳсуб мешаванд. Аммо
ин иқдом аз нуқси ҳувияти фарҳангии онҳо
мунташир шудааст, чунки агар инсон ва гузашта
145 Шариатӣ А. Сухане дар бораи китоб, суханронӣ дар рӯзи ифтитоҳи анҷумани китоб, - Теҳрон: Интишороти чопхуш, 1356, 40 с.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё