Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

аз он, инсони пажӯҳишгар даъвоҳои дар таърих набударо эҷод карда, онҳоро бар худ муносиб бинад, пас ӯ дар ботлоқи нодонӣ ғутавар мебошад. Бар хилофи чунин иқдомоти шармсорона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мероси хаттии ниёкон ба ҳамагон дастрас мешавад ва ҳадаф аз он ин аст, ки ҳар шаҳрванди кишвар бо гузаштаи худ ошно бошад ва эҳсос кунад, ки ниёкони ӯ дар гузашта соҳибфарҳанг будаанд.
Муҳаққиқи фалсафаи фарҳанг Саъдулло Раҳимов ҷиҳати иртиботи имрӯз бо гузашта ва дар ин замина кӯшиши муосирсозии дирӯзи башар дахолат карда, дар китобе бо унвони “Масоили мубрами фарҳанги тоҷикон” ин масъаларо шарҳ додааст: “Мо, албатта аз фикри мудернсозии гузашта дур ҳастем. Асосан, бо канор гузоштану маҳкум кардани чунин тамоил дар айни замон мебинем, ки тамоми он қавонини ҷаҳонӣ ва тафаккур, ки тавассути илми ҷадид кашфу тадвин шудааст, ба таври мантиқӣ ва таҷрибӣ механизмҳои оғози коркарди худро дар гузаштаи дур исбот менамоянд”146. Метавон ин гуфтори файласуфро посух бар муддаиёни мутаҷаддиди сарнавишти аввалияи башар пиндошт ва ба қавли Алии Шариатӣ маскунони ҷомеаи бадавӣ алъон мисли пешин нимаваҳшӣ ҳастанд, чунки

146 Рахимов С. Актуальные проблемы таджикской культуры, - Душанбе:
Адиб, 1989, - с. 52.

пешина
аз 303
навбатӣ