БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

дар зеҳни онҳо аносири фарҳангӣ бегона буд ва кунун ҳам бегона мемонад. Файласуфи тоҷик П.
Шоазимов зимни таҳқиқи ҳувияти миллӣ шаклгирии этникии қабоили бадавиро дар гузашта ва имрӯз инкор мекунад: “Ин иштибоҳ аст, ки иддао кунем қабоили кӯчнишин метавонанд ба унвони як қавм бар асоси фарҳанг ва забон шакл бигиранд. Ин вижагиҳо (фарҳанг ва забон) ба унвони муҳаррик ва эҷоди шароит барои шаклгирии ҷомеаҳои иҷтимоии шаҳрӣ талақӣ мешаванд. Кӯчбандии доимӣ аз як қаламрав ба қаламрави дигар шароитеро барои шаклгирии арзишҳои фарҳангии пойдор эҷод намекунад”147.
Ҳамакнун, бармегардем ба матраҳсозии имрӯзу дирӯзи Саъдулло Раҳимов бобати муборизаи аздод, ки дар андешаи Зартушт мушоҳида мешуд. Мавсуф дар ин маврид мегӯяд:
“Зартушт ба дарки ин нукта наздик буд, ки ҷаҳоне дар баробари нигоҳу дарки инсон зотан ба ин таззодҳо қарор мегирад ва асоси дигаргуниҳо, тағйирхӯриҳо ва ҳатто муборизаи аздодро ташкил медиҳад”148. Ба қавли файласуф Комил Бекзода, фарҳанге, ки ба тоҷикон мансуб
147 Шозимов П.Д. Таджикская идентичность и государственное строительство, - Душанбе: Ирфон, 2003, - с. 13.
148 Рахимов С. Актуальные проблемы таджикской культуры, - Душанбе:
Адиб, 1989, - с. 49.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё