БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

аст, аз замонҳои хеле қадимтарин то кунун дар асоси дуализми хештаншиносӣ такмил меёбад:
аввалӣ худогоҳии этникӣ буда, бунёдгузори он Ҷамшед мебошад, дувумӣ худшиносии эътиқодист, ки онро Зартушт поягузорӣ кард, аммо фалсафаи Зартушт тибқи андешаи Комил Бекзода дар зеҳни бузургтарин файласуфон шуруъ аз Афлотун то замони зуҳури Ҳегел таъсиргузор будааст. Мавсуф чунин меандешад, ки Фридрих Нитше идеяи абармардро дар шахсияти таърихии Зартушт барои ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. Тафовути қобили қабули таълими Зартушт аз соири адён таваҷҷуҳи ӯ бар дунявият ва табиати инсон маҳсуб мешавад ва бар хилофи динҳои насронӣ ва ислом Зартушт таъини сарнавишти башарро дар дӯши вай мегузорад. Инсоншиноси тоҷик Маҳмадалӣ Музаффарӣ бамаврид қайд кардааст: “Ба қавли Зартушт, сарнавишти ҳар фарде дар дастони ӯст, зеро дар ниҳоят чизе ҷуз маҷмӯаи пиндор, гуфтор ва кирдори солеҳ нест. Танҳо натиҷаи муштараки се мазҳари номбурда метавонад масири чархи сарнавишти инсонро тағйир диҳад”149. Ин ҷо мо ба муҷиби набудани саҳеҳият дар манобеъ маънаван гуфта наметавонем, ки Зартушт поягузори асли фалсафаест, ки алҳол ба он илми муосир такя мекунад, вале муроҷиат ба
149
Музаффари М. Системная антропология, - Душанбе: Дониш, 2021, - с.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё