Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

тафаккури ӯ уламои Ғарбро дарки саҳеҳтари ҷамъиятӣ ато намудааст. Масалан, шайъ тавассути тасодум пазируфтаву шинохта мешавад ва нест мавҷуде, ки барои худ зид надошта бошад, чунонки инс дар муқобили ҷинн баррасӣ мешавад ва бар омму хос маълум аст, ки ҷинн нодиданист, аммо маҳз нодиданиҳо ниёз ба шинохтан доранд, яъне инсон нафси хешро намебинад, лек вазифадор аст онро бишносад, аммо мо муътақидем, ки дар гузаштаи дур низ ниёгони мо, тоҷикон ба пажӯҳиш иштиғол доштанд ва мероси гаронҳаҷми хаттие ба имрӯз боқӣ гузоштаанд, яъне ба ибораи саҳеҳтар гӯем, миллатҳо бобати фарҳангофаринӣ дугуна мешаванд: яке меросбар ва дигаре иҷрогар.
Меросбар ҳамонест, ки фарҳанг дар хуну рагу пӯсташ нуҳуфтааст ва иҷрогар онест, ки фарҳанги дигареро иҷро ва муаррифӣ мекунад.
Алҳол, дар раванди ҷаҳонишавӣ ва гуногунии фарҳангӣ, амиқтар дар замони синтезу ҳамгироии фарҳангҳо дар ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистон чӣ иқдомоте татбиқ мешавад: майл ба табодули фарҳангӣ бо дарназардошти канор гузоштани фарҳанги миллӣ ё худ тақвияти фарҳанги миллӣ ва истиқбол аз ҷанбаҳои мусбати фарҳанги муосир. Ислоҳоте чун тадбирҳои Пётри Кабир дар кишвари мо роҳандозӣ нахоҳанд шуд. Таблиғи либоси миллӣ ва барпо намудани озмунҳову ҳамоишҳои

пешина
аз 303
навбатӣ