БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

гуногун ҷиҳати такмил додани тафаккури
техникӣ ва боло бурдани ҷаҳонбинии илмии
шаҳрвандон аз зумраи чорабиниҳоест, ки
раванди муосирсозиро тақвият мебахшанд, вале
ин иқдомҳо дар ҳеҷ сурат пайгирӣ аз ҷомеаҳои
тавсеаёфта намебошад. Тоҷикистон айни замон
барои эҳёи илму маорифи ниёгони худ дар
пайвастагӣ аз ҷонибҳои мусоидкунандаи замони
постмодернизм дар мисоли технологияи рақамӣ
талош меварзад, чунки фарҳанге, ки мо аз ниёи
худ мерос гирифтем, созанда аст, аммо ин
фарҳангро бо анъанаҳою русуми ғайри қобили
қабул омехта кардаанд, ки аз таассуби басе
паҳновар далолат мекунад. Инкори таърихи қабл
аз исломӣ ва он таърихро чун габру маҷусият
пиндоштани аксар муосирони мо фақат аз
таассуб сарчашма мегирад ва инкори тафаккури
шуубӣ дар асримиёнагӣ низ аз таассуб аст. Аммо
эътиқод дар баробари забон аз аҷзои
муҳимтарини фарҳанг ҳастанд ва ҳувияти фард
ба расмият шинохтану эҳтиром ба фарҳангҳои
гуногун метавонад ба тариқи мухталиф таҷаллӣ
ёбад. Айни замон дар Иёлоти Муттаҳида
бештари ҷашнҳои миллӣ ғайримазҳабӣ ҳастанд,
агарчи Самюэл Ҳантингтон густариши ҳувияти
фарҳангии амрикоиро дар пояи протестантизми
бритонӣ донистааст. Дар Ҳиндустон ба
намояндагони динҳои мухталиф иҷоза дода
шудааст, ки ҷашнҳо барпо кунанд. Дар Фаронса

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё