БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

бошад, аз 11 ҷашни миллӣ 9 адади он маншаи
мазҳабӣ дошта, аз масеҳият сарчашма мегирад,
агарчи аз 13 шаҳрванди ин кишвар як нафараш
мусалмон маҳсуб мешавад. Дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон иқдоми танзим намудани ҷашнҳои
динӣ чун идулфитр ва қурбон дар замони
соҳибистиқлолӣ гузаронида мешавад. Эҳё
намудани ҷашнҳои миллӣ аз зумраи Наврӯз,
Меҳргон, Сада ва Тиргон айни муддаост. Дигар
вижагиҳои фарҳангии кишвар иборат аз ин аст,
ки 99 дар 100 аҳолии мамлакат пайравӣ аз дини
ислом мекунанд ва аққалиятҳои динӣ вуҷуд
надоранд. Аммо ҳувият дар дидгоҳи муосир он
худогоҳие нест, ки қаблан дар манобеъ дучор
меоем, ё сатҳи донишҳои ҳифзшудае намебошад,
ки дигарон ҷиҳати доно будани шумо маълумот
пайдо карда, эътироф кунанд, ки воқеан, шумо
инсони худогоҳе ҳастед. Муҳим он нест, ки
ҳувият чист, балки таърифи чигунагии
шаклгирии он муҳим мебошад. Шояд аз ҳамин
хотир бошад, ки ҳувияти миллӣ бозтобе аз
фарҳанги мансуб ба миллат аст ва вижагиҳои
фарҳангии ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф ба
шаклгирии ҳувияте ғолибан дар пояи эътиқодоти
динӣ муаррифӣ мешаванд. Акбари Турсон ҳанӯз
дар соли 1984 зимни интишори “Эҳёи Аҷам” ба
андешаи ин ки аксар мутафаккирони
Машриқзамин ҷаҳонбинии исломӣ доштанд, сахт
муқовимат намуда, бо далел чунин ақидаро инкор менамояд: “Хуруҷи зиддидинии Закариёи Розӣ на фақат дар таърихи ислом, балки умуман дар таърихи Шарқу Ғарб (то худи оғози аҳди Ҷадид дар Аврупо) собиқае надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё