Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Воқеан, баробари зуҳур кардани понисломизм ва афкори Сайид Ҷамолуддини Афғонӣ ва шайх Муҳаммади Абдуҳ омили асоситарини рушди Ғарб, ки ҷудо кардани дин аз давлат буд, рад гардид ва пайравонашон ҷиҳати рух надодани ин вижагиҳо дар тамаддуни исломӣ ҷаҳонбинии диниро сиёсӣ сохтанд ва кунун тамоми ҷунбишҳо ва наҳзатҳои мансуб ба ислом аз ин сарчашма суйиистифода мекунанд.
Хаёлбек Додихудоев зимни баррасии худогоҳии фарҳангӣ ин андешаро иқрор мекунад: “Фарҳанг падидае басо фавқулодда аст ва то замоне, ки тамоми “зарофат” – ҳои “ман” – и инсон баррасӣ нашавад, ин мафҳуми печидаро тавсеа намедиҳем”151. Воқеан, бо ҳамин монанд ақидаро Мароғаӣ дар оғози садаи XX зикр намуда, ангушти ҳайрат аз нотавонбинии аввом мегазад, ки надидаву надониста ба аносири фарҳанги ҷадид ҳукм мебароранд ва дилхоҳ инсонро агар хоҳанд маҳкум мекунанд. Ба қавли мавсуф, агар либоси кӯтаҳ пӯшед, дарҳол шуморо ба кофир маҳкум мекунанд ва аз муошират бо шумо даст мекашанд. Ҳамин аҳвол дар замони муосир низ побарҷост, агарчи ним садсола муқаддам таҳсил дар мактабу донишгоҳҳоро муносиб намедиданд ва боз афроде низ буданд, ки ҳар як ихтирои техникиро моли кофар гӯён истифода

151 Додихудоев Х. Культура и цивилизация. Истины и парадоксы традиций, - Душанбе: 2006, - с. 115.

пешина
аз 303
навбатӣ