БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

наменамуданд. Гузашта аз ин, маҳсулоте, ки аз хориҷ ворид мегардид, истеъмол намекарданд ва хештанро чун халқ дар муқобили масеҳиён мегузоштанд, аммо ҳануз ҳам боқимондаҳои инчунин хурофот ҳузур доранд ва бо онҳо дар ҳаёти рӯзмарра мо вомехӯрем.
Агар аз дидгоҳи Шакурӣ фақат ду тамаддун боқӣ мондаанд, ки байни хеш бархурд мекунанд ва онҳо Шарқу Ғарб маҳсуб мешаванд, пас нигорандаи ин сатрҳо дар ин ақида аст, ки дар таърихи башар ду фарҳанг бо ҳам рақобат доштаанд ва маҳз вижагиҳои он ду фарҳанг имрӯз низ дар ҳар як ҷаҳонбинӣ зоҳир мешаванд.
Он ду фарҳанг ба ориёӣ ва сомӣ итлоқ мешавад ва агар аввалӣ майл ба дунявият дошта бошад, дувумӣ аз раҳбоният муҳтаво мепазирад. Аз ҳама аҷиб ин аст, ки тарзи тафаккури сомӣ дар масеҳият ва ислом ворид гардида, тавассути адён авомили дунявӣ мавриди мазаммат қарор гирифтаанд. Майли дунявӣ, ки дар “Апастак” мушоҳида мешавад, айни ҳол дар фарҳанги Ғарб мақоми авлавиятро соҳиб шудааст. Пажӯҳиши дунё ва тибқи табиати шайъ офаридани осори маънавӣ ба ориёиҳои қадим хос аст, ки то кунун анъанаҳои тарҳрезишудаи онҳо дар ашколи мухталифа аз ҷониби тоҷикон ба таври бояду шояд риоя мегарданд. Исботи ин фикрро дар заминаи таҳқиқи ҷашнҳои ориёӣ чун Наврӯзу Сада ва Меҳргон, ё худ зимни пажӯҳиш дар фарҳанги либоспӯшӣ ва тановули ғизо метавон дарёфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё