Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Тоҷику тоҷикистонӣ дар ошёни меҳри хеш зиндагии осоиштаву ором дорад.
Ҳар кадом шаҳрванди Тоҷикистонро лозим аст, ки дар заминаи ҳамин ифтихори миллӣ ин ҷашни муқаддасро бо синаи пур аз меҳр ва дили саршор аз фараҳ тавре истиқбол намоем, ки манзили мо, хиёбону гулгаштҳои Ватани азизамон аз вуруди мубораки он шукуҳу шаҳомати тоза пайдо намояд.
Душанбе, сентябри соли 2016

Бахшида ба Рўзи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

СИТОРАИ БАХТИ МИЛЛАТ

Бо тақозои тақдир ва лутфу эҳсони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароям муяссар гаштааст, ки бо ин марди шариф ва фарзонасират якҷоя кору фаъолият намоям. Ҳар як сухан, дастуру супориш ва кору фаъолияташро бароям мактаби бузурги ибрат, сабақомўзӣ ва эҷод медонам. Дар тўли зиёда аз бисту панҷ соли фаъолият Ҷаноби Олӣ марди қавлу амал ва ҷавонмардию фидокориҳояшро ба манфиати халқу Ватан ва ободии кишвар нишон додааст.
ҲАНЎЗ аз рўзҳои аввали Роҳбари давлат интихоб шуданаш дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд барпо гардид, бо вуҷуди нооромиҳо ва ҷангҳои ҳамватанӣ қотеона иброз доштанд, ки «тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷони худро нисор мекунам».

пешина
аз 601
навбатӣ