ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ва мо дидему шоҳид гаштем, ки Пешвои миллат ҷони худро дар хатар гузошта, ба ин аҳди худ устуворона гом бардоштанд. Мардумро ба сулҳу ваҳдат оварданд, гурезаҳоро баргардонданд, иқтисодро аз буҳрон наҷот доданд ва имрўз кишварро ободу сатҳи зиндагиро беҳбуд бахшидаанд.
Аз ҷумла бо ёдоварӣ аз нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии 7 соли охир гуфтан мумкин аст, ки маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, сарфи назар аз буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, аз 9,3 миллиарди соли 2006 дар соли 2016 ба 44 миллиард сомонӣ расид ва суръати миёнаи афзоиши солонаи он қариб 6 фоизро ташкил дод. Дар ин давра даромадҳои пулии аҳолӣ 4,2 баробар, ҳаҷми пасандозҳои бонкӣ 4,5 ва маоши миёнаи воқеӣ 5,5 баробар зиёд шуд.
Дар робита ба сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон, ки бо ҳидоятҳои Сарвари давлат ташаккул ёфтааст, тазаккур додан лозим аст, ки сиёсати хориҷии мо ҳамчун сиёсати маъруфи «дарҳои кушода» ба татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатамон равона шудааст, ки он барои касб намудани ҷойгоҳи муносиби кишвар дар арсаи ҷаҳон беш аз пеш мусоидат менамояд.
Ҳамчунин Президенти муҳтарами кишвар таъкид намудаанд, ки: «Мо бо тамоми кишварҳои ба мо хайрхоҳ робитаҳои дўстона ва ҳамкориро идома дода, дар навбати аввал муносибатҳоямонро бо ҳамсояҳои наздики худ дар асоси усулҳои эътирофгардида ва пазируфташудаи эҳтироми мутақобил ва ҳусни ҳамсоягӣ тавсиа ва тақвият мебахшем».
Истиқлолияти давлати мустақили тоҷикон, ки бо номи мубораки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии зич дорад, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории халқи сарбаланду мутамаддини мо мебошад, ки бисту панҷ сол инҷониб номаи тақдирашро бо дастони худ эҷод карда, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосаи худро пайдо намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё