ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар дилҳои мо нангу номуси ватандорӣ ҷўш мезанад ва мо омода ҳастем ба хотири саодати имрўзу фардои Ватан ҳастии худро ба гарав монем. Мо бо дилу имони пок муҳаббату садоқати худро ба ватанамон, ки бароямон беҳад азиз аст, изҳор дошта, гарду чангро аз чеҳраи ғамзадааш пок месозем, ба ҷароҳатҳои хуншораш марҳам мешавем ва ҳаргиз намегузорем, ки бори дигар ашк резад. Мо бо тамоми ҳастӣ омодаем, ки ватани ягонаамон Тоҷикистонро ба роҳи ваҳдату шукуфоӣ, дўстиву бародарӣ, сулҳу субот, пешрафту тараққиёт раҳнамоӣ кунем».
Ниҳоят, рўзи 27 июни соли 1997 Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба иҷро расид ва аз файзу баракати он насими анбарафшони баҳорӣ ба рўи Тоҷикистон вазид. Пайки Сулҳи тоҷикон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар арсаи олам танин андохт, мавриди истиқболи гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт ва боиси фахру сарафрозии миллати тоҷик гардид.
Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «қадру манзалати санади сулҳи мо баробар бо Эъломияи истиқлолияти мост. Агар яке барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азиятдидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро армуғон овард. Созишномаи сулҳи миёни тоҷикон дар обу хоки ин сарзамини ҷафокашида сабзидаву қомат барафрохтааст. Сулҳи ба даст овардаи мо дар таҷрибаи давлатдории кишварҳои Шарқу Ғарб бо ҷанбаҳои хосаш ҳамто надорад. Созишномаи Сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд.»
Созмони милали Муттаҳид бо ризоятмандӣ таъкид намуд: «Тоҷикон созишномаи сулҳро дар паси сангарҳо тарҳрезӣ кардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё