Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Арзиши сулҳи миёни тоҷикон беназир аст. Вай дар роҳи пойдории сулҳи сартосарии ҷаҳон намунаи дурахшони ибрат аст».
Ваҳдати миллӣ, ки дар партави Созишномаи сулҳ ба даст омад, рамзи тантанаи ақлу хиради миллати тоҷик, самараи ҳамдигарфаҳмӣ ва саъю талоши ҳамагонӣ дар роҳи пойдории сулҳу субот ва якпорчагии кишвар гардид.
Бояд зикр намоем, ки мафҳумҳои истиқлолият ва ваҳдат ягонаанд, яке дигареро комилтар мегардонад ва чун гўшту нохун ба ҳам пайванданд. Ваҳдати миллии ба даст омада пояҳои истиқлолияти давлати ҷавони Тоҷикистонро пойдору устувор гардонид.
Агар мафҳуму маънои калимаи «Истиқлолият»
мустақиливу соҳибихтиёрӣ, озод будан аз мудохилаи беруна ва ба дасти хеш гирифтани сарнавишти кишвар бошад, пас вожаи «ваҳдат» баёнгари ягонагиву якпорчагӣ, яктаниву як ҷон будан, муттаҳидӣ, ҳамдилию ҳамбастагӣ, меҳрубонию ғамгусорӣ, ҳамсадоӣ, дўстиву дастфишорӣ мебошад.
Ин ду мафҳум ду ҷон дар як пайкаранд ва таҷассумгари озодиву мустақилият, сарбаландиву саодатмандии мардуманд.
Аслан омезиши истиқлолияту ваҳдати комил рамзи тавоноиву шикастнопазирии халқу давлатманд.
Созишномаи сулҳ шароити мусоид фароҳам овард ва беш аз як миллион фирориёни тоҷик амсоли паррандагони муҳоҷир болупаравшон ба сўи Тоҷикистон, ба сўи маъвои дили худ ба парвоз омаданд. Лаҳзаҳои ба хоки ватан қадами нахустин гузоштани онҳо басо мутаассиркунанда буда, дилҳоро ба дард меовард. Онҳо ба сўи замини ватан саҷда меоварданд, онро мебўсиданд, чангу хокашро ба дидаҳо мемолиданд.
Гўё онҳо бо забони устод Мирзо Турсунзода садои дили худро ба Ватани ба ҷон баробарашон изҳор медоштанд:
Чун ниҳодам пои худро бар сари хоки Ватан, Борҳо бўсидам аз рухсораи поки Ватан.

пешина
аз 601
навбатӣ