ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Муддате будам агарчи дур, аммо ёди он, Мевазонидам ба сар боди фараҳноки Ватан.
Хешро мебинам акнун боз дар оғўши ў, Боз менўшам ман об аз чашмаи пурҷўши ў.
Тоҷикистон дар ҷаҳон ягона кишварест, ки фирориёни иҷбории худро беш аз як миллион сарҷамъона ба ватан баргардонид. Ин як падидаи басо нодирест. Ҳол он ки миллионҳо миллион шаҳрвандони кишварҳои мухталиф дар ақсои олам паҳну парешонанд ва ҳеҷ як давлате дар суроғи онҳо нест.
Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, на танҳо сокинони кишварро якдилу якмаром, балки решапайвандии онҳоро бо тоҷикони ҷаҳон, ки теъдодашон аз 40 миллион нафар бештар аст, қавитар гардонид ва густариш бахшид. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар аснои сафарҳои худ ба кишварҳои Шарқу Ғарб имкон пайдо карда, бо тоҷикони муқими он сарзаминҳо ва бо донишҷўёни тоҷик, ки бо теъдоди беш аз панҷ ҳазор нафар дар хориҷи кишвар машғули таҳсиланд, суҳбату мулоқотҳо барпо мекунад. Чунин анҷуманҳои дўстӣ ва саршор аз меҳру самимият ишқи ватани аҷдодиро дар дили тоҷикони ҷаҳон шуълавар сохта ва бо ҳазорон риштаҳои дўстӣ онҳоро бо Тоҷикистон пайванди руҳӣ ва маънавӣ мебахшад. Чанд соле қабл чунин мулоқот бо тоҷикони Арабистони Саъудӣ баргузор гашта буд. Аз файзи чунин як суҳбати дўстонаву самимона чеҳраи мўйсафедони тоҷик, ки ин диёрро макони зисти худ қарор додаанд, гул – гул мешукуфт ва онҳо бо забони фасеҳи тоҷикӣ бо сарвари давлати Тоҷикистон сухан мегуфтанд ва дар дидаи баъзе аз онҳо ашки шодӣ ҳалқа мезад.
Яке аз пирамардон ба Президент рў оварда, мегуфт:
«Ман умри зиёд дидаам ва бори аввал мебинам, ки сарвари давлати тоҷикон ба суроғи ҳамватанони ғариби худ меояд.
Мо эҳсос кардем, ки сарвару давлати ғамхор доштаем, итминон пайдо кардем, ки ватани аҷдодиамон моро фаромўш накардааст ва ба суроғи мо омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё