Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дилҳои мо ҳамеша ба ёди ватан гум мезад, мулоқоти имрўза андаке хумори моро шикаст ва меҳри ватанро аз нав дар дилҳои мо шуълавар сохт».
Ширкати намояндагони тоҷикони ҷаҳон ва ҳамзабонони бурунмарзии мо дар анҷуманҳо ва тантанаҳое, ки дар Тоҷикистон доир мегарданд, ваҳдату ҳамдилиро тақвият бахшида, моро бо якдигар наздиктару қаринтар мегардонанд. Аз ҷумла, ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврўз, ки соли 2016 дар Тоҷикистон доир гардид, ваҳдати ҳамдилию ҳамзабонӣ ва фарҳангии моро як зина боло бурд.
Ҷашни байналмилалии Наврўз, ки аз рўи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид онро беш аз 300 миллион сокинони сайёра таҷлил менамоянд, пайванди фарҳангию маънавии як қитъаи бузурги оламро тақвият бахшида, ваҳдатро миёни онон пойдор мегардонад. Ҷашни фархундаи Наврўз дар миёни халқҳо ҳамчун ойини мадоро хеле маъруфу арҷманд буда, мардумонро водор месозад, ки бо якдигар муомилаи нек бикунанд, бо дилхушию меҳру муҳаббат сухан гўянд, бо ҳам созиш карда, ҳама дилсардиҳоро аз замири худ дур андозанд.
Инчунин арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва равнақи минбаъдаи он пояҳои истиқлолият ва ваҳдати миллиро нерумандтар гардонида, ба онҳо руҳу равони тоза бахшид. Маҳз тавасути ин забон андешаву ормонҳои олии истиқлолият ва ваҳдати миллӣ дар дилҳои мардум ҷойгузин мегардад.
Ҳамин забон буд, ки дар ҳама давру замон баҳри ҳастӣ ва бақои миллати мо нақши тақдирсоз бозидааст. Ба андешаи Президенти кишвар «Забон ҳанўз дар набардҳои таърих яке аз арсаҳои муборизаи истиқлолхоҳию ватанпарастӣ будааст. Забони мо баёнгари сарнавишти таърихии халқи тоҷик буда, бо озодиву истиқлоли ватани мо пайванди азалӣ дорад.

пешина
аз 601
навбатӣ